Прокуратураи пойтахт далелҳои поймолкунии ҳуқуқҳои истифодабарони барқро ошкор кард

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи васеи фаъолони пойтахтро баргузор намуд, ки дар он вазъи омодагии шаҳр ба мавсими зимистон мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор гирифт.

Зимни суханронӣ прокурори шаҳри Душанбе Хайрулло Саидзода аз фаъолияти воҳидҳои ширкати «Барқи тоҷик», аз ҷумла шабакаҳои барқи Душанбе нигаронӣ изҳор намуда, ҷой доштани далелҳои поймолкунии ҳуқуқҳои истеъмолгарон ҷиҳати дастрасӣ ба нерӯи барқ ва истифодаи мансабӣ хизматӣ аз ҷониби бархе аз нозиронро, ки воситаҳои шаҳрвандонро азхуд мекунанд, қайд кард.

Ба гуфтаи прокурор, далелҳои марбут ба тағйир додани нишондиҳандаҳои ҳисобкунаки истифодаи барқ аз ҷониби бархе аз нозирон ошкор шуда, аз рӯи чанде аз ин ҳолатҳо парвандаҳои ҷиноӣ боз шудааст.

Маҳмадсаид Убайдуллоев ба шахсони масъул дастур дод, ки ҷиҳати таъмини 1 ҳазору 242 бино, аз ҷумла 1 ҳазору 82 бинои манзилҳои истиқоматии пешбинишуда бо энергияи гармӣ тадбирҳо андешида шуда, он таҳти назорат гирифта шавад.

Ба директори корхонаи Шабакаҳои барқи Душанбе Асадулло Раҳимзода раиси пойтахт дастур дод, ки шумори телефонҳои бовариро зиёд намуда, аз прокуратураи шаҳр дархост шуд, ки ҷараёни хизматгузориҳои воҳидҳои ширкати «Барқи тоҷик» ба аҳолӣ зери назорати қатъӣ қарор дода шавад.

Ба муовини соҳавии раиси пойтахт, сардорони Раёсатҳои маориф ва тандурустии пойтахт раиси шаҳр ҷиҳати пурра бо гармӣ таъмин намудани муассисаҳои зертобеъи онҳо як ҳафта муҳлат дод.

Маҳмадсаид Убайдуллоев фаъолияти сохторҳои шаҳр дар мавриди рафъи оқибатҳои барфрезиро мавриди интиқод қарор дода, барои муносибати хунукназарона нисбати иҷрои вазифаи худ сардори Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Исмоили Сомонӣ Саид Каримовро аз мансаб сабукдӯш кард.

Зимни таҳлили фаъолияти нақлиёти ҷамъиятӣ дар пойтахт, раиси шаҳр изҳор намуд, ки дар ҳолате, ки агар далели ба хатсайр баромадани камтар аз 70%-и нақлиёти ҷамъиятӣ ошкор гардад, иҷозатномаи субъекти гунаҳкор ба ин ҳолат бозхонда мешавад.

Дар ҷаласа ҳамчунин дигар масоили муҳиму рӯзмарраи хоҷагидории пойтахт, аз ҷумла таъмини бозорҳо бо маводи ғизойии ниёзи аввалияи мардум, фаъолияти мунтазами муассисаҳои иҷтимоӣ, таъминот бо об ва ғайра низ баррасӣ шуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...