Огоҳиҳои энергетикҳои пойтахт аз корҳои таъмиру барқароркунӣ тариқи телевизион

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Энергетикҳои пойтахт тариқи шабакаҳои телевизиони давлатӣ зикр мекунанд, ки дар шаҳри Душанбе ҳеҷ гоҳ бидуни огоҳии барвақтии аҳолӣ, дар шабакаҳои барқӣ корҳои таъмиру барқарорсозӣ гузаронида намешаванд.

«Як рӯз то баргузор кардани ин корҳои тарҳрезишуда дар шабакаҳои барқӣ аҳолӣ тавассути шабакаҳои телевизиони давлатӣ огоҳ карда мешавад. Эълонҳо дар сатрҳои гузарон ҷой дода мешаванд», – изҳор дошт ба «Азия-Плюс» сармуҳандиси шабакаҳои барқи шаҳри Душанбе Абдуалим Самизода.

Ғайр аз ин, ба гуфтаи ӯ, дар бораи баргузор намудани корҳои таъмиру барқарорсозӣ дар шабакаҳои барқи мақомоти шаҳрдории пойтахт низ расман огоҳ карда мешавад.

«Корҳои таъмиру барқарорсозии ғайринақшавӣ дар шабакаҳо, ки асосан бар асари садмаҳо дар хатҳои интиқоли барқ, зеристгоҳҳои барқӣ ба вуҷуд меоянд, таъҷилан гузаронида мешаванд. Табиист, ки дар ин ҳолатҳо пешакӣ огоҳ кардани аҳолӣ ғайриимкон аст», – афзуд Самизода.

Қобили зикр аст, ки айни замон дар Тоҷикистон шабакаҳои телевизионӣ давлатии «Шабакаи аввал», «Сафина», «Ҷаҳоннамо», «Баҳористон», «Варзиш» амал мекунанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии ба номи С.Айнӣ, “Фирдавсӣ”, “Куруши Кабир”, “Кӯли ҷавонон” ва майдончаи фарҳангу фароғатии воқеъ дар кӯчаи...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.