Натиҷагирӣ аз кори ҳукумат бори нахуст дар моҳи декабр

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Натиҷаҳои пешакии рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон дар соли 2016 ва вазифаҳо дар соли 2017 ҳамасола дар ҷаласаи ҷамъбастии ҳукумати таҳилу баррасӣ мешаванд.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар ин ҷаласа таҳти раёсати президенти мамлакат, раиси ҳукумат Эмомалӣ Раҳмон ҳисоботҳои роҳбарони вазорату идораҳо, раисони вилоят ва шаҳру навоҳӣ доир ба фаъолият дар соли сипаришуда шунида мешаванд.

Таҷриба гувоҳи он аст, ки аз рӯи натиҷаҳои ҷаласаҳои ҷамъбастии ҳукумат ҳамасола аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон миёни роҳбарони вазорату идораҳо, раисони вилоят ва шаҳру навоҳии кишвар тағйироти кадрӣ сурат мегирад.

Ҷаласаҳои ҷамъбастии ҳукумат маъмулан баъди соли нав гузаронида мешуданд, вале имсол  он бори нахуст моҳи декабр доир мегардад. Ҳамчунин паёми президент ба парлумон, ки маъмулан моҳи январ сурат мегирифт, соли равон 22 декабр ироа мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.

Доми қарз. Чӣ гуна дар Тоҷикистон метавон қарз гирифт ва баъд пушаймон нашуд?

Шарҳ медиҳем, ки шумо ба чӣ гуна хавфҳо дучор шуда метавонед ва бароятон ҷиҳати огоҳона қарор қабул кардан дар ин бора тавсияҳои одӣ медиҳем.