Натиҷагирӣ аз кори ҳукумат бори нахуст дар моҳи декабр

Натиҷаҳои пешакии рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон дар соли 2016 ва вазифаҳо дар соли 2017 ҳамасола дар ҷаласаи ҷамъбастии ҳукумати таҳилу баррасӣ мешаванд. Тавре ба «Азия-Плюс» аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар ин ҷаласа таҳти раёсати президенти мамлакат, раиси ҳукумат Эмомалӣ Раҳмон ҳисоботҳои роҳбарони вазорату идораҳо, раисони вилоят ва шаҳру навоҳӣ доир ба фаъолият дар […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Натиҷаҳои пешакии рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон дар соли 2016 ва вазифаҳо дар соли 2017 ҳамасола дар ҷаласаи ҷамъбастии ҳукумати таҳилу баррасӣ мешаванд.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар ин ҷаласа таҳти раёсати президенти мамлакат, раиси ҳукумат Эмомалӣ Раҳмон ҳисоботҳои роҳбарони вазорату идораҳо, раисони вилоят ва шаҳру навоҳӣ доир ба фаъолият дар соли сипаришуда шунида мешаванд.

Таҷриба гувоҳи он аст, ки аз рӯи натиҷаҳои ҷаласаҳои ҷамъбастии ҳукумат ҳамасола аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон миёни роҳбарони вазорату идораҳо, раисони вилоят ва шаҳру навоҳии кишвар тағйироти кадрӣ сурат мегирад.

Ҷаласаҳои ҷамъбастии ҳукумат маъмулан баъди соли нав гузаронида мешуданд, вале имсол  он бори нахуст моҳи декабр доир мегардад. Ҳамчунин паёми президент ба парлумон, ки маъмулан моҳи январ сурат мегирифт, соли равон 22 декабр ироа мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.