Президент ба дастгирии Бонки ҷаҳонӣ дар шароити буҳрон бовар дорад

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар Қасри Миллат директори минтақавии Бонки Ҷаҳонӣ оид ба Осиёи Марказӣ Лилия Бурунчук ва Директори иҷроияи Маркази рушди Вулфенсон Йоҳаннес Линнро ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили гуногуни вобаста ба вазъи ҷаҳони муосир, таъсири буҳрони молиявӣ ба иқтисоди кишварҳои олам ва дарёфти […]

Asia-Plus

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар Қасри Миллат директори минтақавии Бонки Ҷаҳонӣ оид ба Осиёи Марказӣ Лилия Бурунчук ва Директори иҷроияи Маркази рушди Вулфенсон Йоҳаннес Линнро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили гуногуни вобаста ба вазъи ҷаҳони муосир, таъсири буҳрони молиявӣ ба иқтисоди кишварҳои олам ва дарёфти роҳҳои нави ҳалли ин мушкилот баррасӣ шуд.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштааст, киТоҷикистон саҳми институтҳои молиявиро дар самти рушди иқтисоди миллӣ назаррас арзёбӣ менамояд ва истифодаи таҷрибаи онҳоро барои пешрафти иқтисодӣ судовар медонад.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки дар оянда низ шарикони рушд ва дӯстони мардуми Тоҷикистон дар доираи афзалиятҳои стратегии рушд барои кам кардани таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисоди миллӣ тавассути дастгирии буҷети давлатӣ, соҳаҳои иҷтимоӣ ва инфрасохтори энергетикиву нақлиётӣ нақши муасир мегузоранд.

Ҷонибҳо ҳамчунин дар хусуси тадбирҳои зиддибуҳронии ҳукумати Тоҷикистон, ки тақвият бахшидани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ, фароҳам овардани заминаи мусоид барои рушди минбаъда, таъмин намудани афзалиятҳои миллию баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум ва татбиқи ҳадафмандонаи Барномаи миёнамуҳлати рушди ҶТ барои солҳои 2016-2020 ва Стратегияи миллии рушди ҶТ барои давраи то соли 2030-ро дар бар мегирад, табодули афкор намуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.