Нашри шарҳи мухтасари «Таърихи Русия» барои муҳоҷирони корӣ

Дар Тоҷикистон шарҳи мухтасари таърихи Русия барои муҳоҷирони корӣ ба нашр расид. Дастури таълимӣ барои аз ҷониби муҳоҷирони корӣ мустақилона омӯхтани таърихи Русия аз замонҳои қадим то замони муосир пешбинӣ шуда, ҳадаф аз таҳияи он кумак ба муҳоҷирони корӣ ҷиҳати огаҳӣ пайдо намудан аз таърихи ин кишвар аст. Шакли электронии дастур дар сомонаи АМИТ «Ховар» […]

Asia-Plus

Дар Тоҷикистон шарҳи мухтасари таърихи Русия барои муҳоҷирони корӣ ба нашр расид.

Дастури таълимӣ барои аз ҷониби муҳоҷирони корӣ мустақилона омӯхтани таърихи Русия аз замонҳои қадим то замони муосир пешбинӣ шуда, ҳадаф аз таҳияи он кумак ба муҳоҷирони корӣ ҷиҳати огаҳӣ пайдо намудан аз таърихи ин кишвар аст.

Шакли электронии дастур дар сомонаи АМИТ «Ховар» қобили дарёфт аст.

Муаалифони дастур кӯшиш кардаанд, ки дар заминаи ҳаҷми зиёди адабиёт дар бораи таърихи Русия ҳарчи бештар маълумоти заруриро гирдоварӣ ва мазмуни асосии онро шарҳ дода, бо забони осону фаҳмо ба муҳоҷирон пешниҳод намоянд.

Дар муқаддимаи дастур гуфта мешавад, муҳоҷирати корӣ, ки дар ҷараёни он муносибатҳои мутақобилаи одамон ташаккул мебояд, набояд сарчашмаи як қатор мушкилот бошад.

«Мушкилоти бештар шадиди марбут ба муҳоҷирати корӣ мутобиқшавии иҷтимоӣ ва фарҳангии онҳост. Ин ба мушкилоти муҳими муосир – муносибатҳои байни миллатҳо алоқаманд буда, будубоши бароҳати муҳоҷирон ва муносибати дӯстонаву таҳаммулпазиронаи аҳолии маҳаллӣ ба онҳо, маҳз ба ҳалли ҳамин мушкилот вобаста аст», – зикр кардаанд муаллифони дастур.

Қобили зикр аст,ки соли 2015 дар қонунгузории муҳоҷирати Русия як қатор тағйиротҳо ворид шуда, мутобиқи он ҳамаи шаҳрвандони хориҷие, ки дар Русия хоҳиши кор кардан доранд, бояд аз забони русӣ, асосҳои қонунгузорӣ ва таърихи Русия имтиҳон супоранд.

Русия самти асосии ҷустуҷӯ ва дарёфти кор барои муҳоҷирони тоҷик аст. Бино ба маълумоти мақомоти муҳоҷирати ин кишвар, айни замон ҳудуди 1 млн. нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия қарор доранд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.