БМТ эътимоди паст ба бонкҳоро ба шаффофияти нокофии онҳо нисбат медиҳад

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) аз талаботи мавҷудаи пешниҳоди маълумот ба ҷомеа аз ҷониби бонкҳои кишвар қаноатманд нест. Бонк доир ба зарурати ҷорисозии қоидаҳои нав ва талабот оид ба шаффофияти бонкҳо изҳори назар кардааст. «Шаффофияти нокофӣ дар бозори хизматгузориҳои молиявӣ ва сатҳи пасти огаҳии истеъмолгарон дар бораи ниҳодҳои молӣ ва хизматгузориҳо дар Тоҷикиситон яке аз сабабҳои […]

Asia-Plus

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) аз талаботи мавҷудаи пешниҳоди маълумот ба ҷомеа аз ҷониби бонкҳои кишвар қаноатманд нест. Бонк доир ба зарурати ҷорисозии қоидаҳои нав ва талабот оид ба шаффофияти бонкҳо изҳори назар кардааст.

«Шаффофияти нокофӣ дар бозори хизматгузориҳои молиявӣ ва сатҳи пасти огаҳии истеъмолгарон дар бораи ниҳодҳои молӣ ва хизматгузориҳо дар Тоҷикиситон яке аз сабабҳои сатҳи пасти сарукор гирифтан ба масоили молӣ ва эътимод ба бахши молӣ мебошад», –  зикр мегардад дар санади аз ҷониби БМТ интишоршуда таҳти унвони «Афзалиятҳои стратегӣ ва нақшаи амал оид ба рушди механизми ҳимояи ҳуқуқи истеъмолгарони хизматрасониҳои молиявии ҶТ барои солҳои 2017-2021».

Қайд мешавад, ки айни замон бонкҳо ба нашри ҳисоботи солонаи молии худ дар матбуот ва ҳамчунин инъикоси ҳисоботи молии солона, рӯйхати аъзои шӯрои нозирони худ дар филиалҳо ва дафтари асосии корӣ уҳдадоранд. Ҳамчунин ташкилотҳои қарзӣ бояд ба мизоҷон доир ба сиёсати қарзӣ, ҳаҷми қарз, навъу фоизҳои он, таъминоти қарз, талаботи пешниҳоди маълумот оид ба таърихи қарзии қарзгиранда ва гирифтани дархост аз бюрои таърихи қарзӣ маълумот диҳанд.

«Аммо талаботи зикршуда нокофӣ ва хусусияти умумӣ дошта, талаботи мушаххас ба воситаҳои ошкор кардани маълумот ва мазмуни онро муайян намекунанд. Ғайр аз ин, барои дигар хизматгузориҳои молиявӣ низ ба ин монанд меъёрҳо вуҷуд надоранд», – таъкид мешавад дар санад.

Гуфта мешавад, аксари бонкҳо сомонаи интернетӣ дошта, вале маълумот дар онҳо ҳам аз лиҳози мазмун ва ҳам аз нигоҳи тарзи пешниҳод шакли якхела надоранд, ки ҷустуҷӯ ва дарёфти маълумоти зарарӣ тариқи сомонаро душвор мекунад.

Дар ин робита БМТ доир ба ҷорӣ кардани талаботи нав нисбати шаффофияти бонкҳо ва нашри маълумот аз ҷониби онҳо изҳор назар кардааст.

«Талаботи нав бояд навъ ва мазмуну мундариҷаи маълумотии зарурии аз ҷониби бонк барои ҷомеа нашрмешударо дар бар гирад. Маълумоти нашршуда бояд ҷиҳати муқоиса миёни корхонаҳои пешниҳодкунандаи хизматгузориҳои молиявӣ ва шароитҳои пешниҳоди он осону қулай бошад», – қайд мешавад дар ҳуҷҷат.

Дар доираи санади мазкур таъмини сатҳи заминавии шаффофият пешбинӣ шудааст. Ин мавод бояд аз маълумот дар бораи саҳҳомон (муассисон) ва раҳбарият, ҳисоботҳои молиявӣ, хизматрасониҳо, шартҳои асосии хизматрасонӣ, аз ҷумла маълумот дар бораи арзиши он, хатарҳои асосии марбут ба хизматрасонии мушаххасӣ молӣ ва ҳуқуқҳои истеъмолгар ва ғайра иборат бошад.

Ин санадро БМТ санаи 2 декабр нашр кард, ҳарчанд каме пештар дар иҷлосияи палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ раиси БМТ Ҷамшед Нурмуҳаммадзода изҳор карда буд, ки сарфи назар аз мушкилоти дар бонкҳои Тоҷикистон пайдошуда дар соли равон оид ба баргардонидани пасандозҳои амонатгузорон, сатҳи эътимоди аҳолӣ ба бонкҳои кишвар дар ҳоли афзоиш аст.

Ба гунаи мисол ӯ далел оварда буд, ки айни замон ҳаҷми амонатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар бонкҳои кишвар 9,5 млрд. сомониро ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳанда дар муқоиса бо аввали соли равон 13% ё худ 1,1 млрд. сомонӣ зиёдтар аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.