Раҳоии наврас аз асорат баъди панҷ соати рабудан

Дар натиҷаи як амалиёти махсуси кормандони мақомоти милитсияи Тоҷикистон як навраси чанде қабл рабудашуда раҳо шуд. Барои озодии ӯ ҷинояткорон ба гирифтани маблағи пулӣ умедвор буданд. Чанд тан гумонбаршудагон низ дар ин робита боздошт шудаанд. «Чанде қабл дар шаҳри Турсунзода толибилми синфи 10, писари собиқ сарнотариуси шаҳр рабуда шуда буд», – хабар дод ба «Азия-Плюс» […]

Asia-Plus

Дар натиҷаи як амалиёти махсуси кормандони мақомоти милитсияи Тоҷикистон як навраси чанде қабл рабудашуда раҳо шуд. Барои озодии ӯ ҷинояткорон ба гирифтани маблағи пулӣ умедвор буданд. Чанд тан гумонбаршудагон низ дар ин робита боздошт шудаанд.

«Чанде қабл дар шаҳри Турсунзода толибилми синфи 10, писари собиқ сарнотариуси шаҳр рабуда шуда буд», – хабар дод ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ВКД Тоҷикистон.

Бино ба иттилои манбаъ, баъди ба падари наврас занг задани кӯдакрабоён, ӯ ба ВКД муроҷиат карда, дар ҷараёни амалиёте, ки шабона баргузор шудааст, наврас озод ва як нафар боздошт шудааст. «Дар ҷараёни амалиёти махсуси имрӯз идомаёфта, боз якчанд каси дигар низ боздошт шуданд», – гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки кӯдакрабоён барои раҳоии писари собиқ сарнотариуси шаҳр маблағи калони пулӣ гирифтанӣ будаанд.

Ёдрас мекунем, ки Матлуба Аҳмедова ва Раҳмоналӣ  Ғиёсов – ду нафари муттаҳам ба рабудани Ф.Б.-и ҳафтсола дар Душанбе – ба 9 ва 8.5 соли зиндон маҳкум шуданд. Ин ҳукм охири моҳи октябри имсол аз тарафи Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт эълон шуда, аммо хабараш тоза расонаӣ гардид.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.