Боздошти 25 нафар ба гумони ифротгароӣ дар шаҳру вилояти Маскав

Зимни як амалиёти махсуси бузургимиқёс дар шаҳру вилояти Маскав кормандони мақомоти интизомии ин кишвар беш аз 25 нафарро ба гумони ифротгароӣ ва ҳаммаслакӣ ба террористон боздошт намуданд. Хабаргузории РИА Новости дар ин робита менависад, амалиёт аз ҷониби се ниҳод – Хадамоти федералии амният, маркази «Э»-и ВКД Русия ва ҷангиёни Гвардияи миллии ин кишвар гузаронида шуда, […]

Asia-Plus

Зимни як амалиёти махсуси бузургимиқёс дар шаҳру вилояти Маскав кормандони мақомоти интизомии ин кишвар беш аз 25 нафарро ба гумони ифротгароӣ ва ҳаммаслакӣ ба террористон боздошт намуданд.

Хабаргузории РИА Новости дар ин робита менависад, амалиёт аз ҷониби се ниҳод – Хадамоти федералии амният, маркази «Э»-и ВКД Русия ва ҷангиёни Гвардияи миллии ин кишвар гузаронида шуда, тибқи маълумоти пешакӣ дар ҷараёни он 25 нафар дастгир шудаанд.

Гуфта мешавад, боздоштшудагон ба фаъолияти ифротгароӣ, ҳаммаслакӣ ба террористон ва гурӯҳҳои пинҳонии ваҳҳобиён дар Русия гумонбар дониста мешаванд. Ин ҷо доир ба як гурӯҳи муташаккили ҷинояткорон сухан меравад. Аз дигар ҷузъиёти амалиёт алҳол маълумот дода нашудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.