Пешниҳоди сабуктар шудани ҷазо барои қочоқи маҳсулот

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки ҷавобгароии ҷиноӣ барои қочоқи молу маҳсулот сабуктар карда шавад, ҳарчанд қаблан дар Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҳаҷми ҷаримаҳо барои ин қонуншиканӣ зиёдтар шуда буданд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, тағйироту иловаҳо ба Кодекси ҷиноии ҷумҳурӣ дар ин маврид аз ҷониби ҳукумат таҳия ва ба баррасии парлумон фиристода шудааст, ки мутобиқи он сабуктар гардидани ҷазо барои қочоқи молу маҳсулот пешниҳод шудааст.

Дар Кодекси ҷиноии имрӯз амалкунанда барои қочоқи молу маҳсулот тариқи сарҳади давлатӣ барои қонуншиканон дар ҳаҷми аз 250 то 912 нишондиҳандаи ҳисоб ҷарима ё маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати то 5 сол пешбинӣ шудааст. Агар ин тағйироту иловаҳо аз ҷониби вакилон қабул шаванд, ин ҷавобгарӣ танҳо ба касоне дахл хоҳад дошт, ки такроран дар давоми як сол ҷиноят содир кардаанд.

Шахсоне, ки ба чунин қонуншиканӣ даст мезананд, бори аввал бар асоси Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд.

Қобили зикр аст, ки 10 ноябр вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон ба Кодекс дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ тағйирот ворид намуда, акнун қонуншиканон дар ин самтро натанҳо ҷарима, балки мусодираи воситаи нақлиёте низ интизор аст, ки тариқи он маҳсулоти қочоқӣ ворид шудааст.

Мувофиқи тағйироти тасдиқшуда, минбаъд шахсони ба қаламрави ҷумҳурӣ маҳсулоти қочоқиро воридкарда, ба маблағи арзишаш баробар ба ду маротибаи маҳсулоти воридкардаашон ҷарима мешаванд. Қаблан ҳаҷми ин ҷарима аз маблағи як баробари маҳсулоти воридшуда зиёдтар набуд. Ғайр аз ин, акнун воситаи нақлиёте, ки тариқи он маҳсулоти қочоқӣ ба Тоҷикистон ворид шуда буд, ба нафъи давлат мусодира мешавад.

Дар ҳамин ҳол, дар Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ зикр мекунанд, ки ҳодисаҳои қочоқи молу маҳсулот аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ қариб ба мушоҳида намреасад. Аз ин рӯ, ин тағйирот ба онҳо дахл нахоҳад дошт, яъне ҳаҷми ҷарима барои шахсони ҳуқуқӣ мисли пешина, маблағи як баробари маҳсулоти воридшуда боқӣ мемонад. Аз оғози соли оянда ҳаҷми як нишондиҳанда барои ҳисоб 50 сомониро ташкил хоҳад дод.

Бино ба маълумоти роҳбари Хадамоти гумурки кишвар Абдуфаттоҳ Ғоиб, қочоқи маҳсулот ба Тоҷикистон бештар аз қаларави кишвари ҳамсояи Қирғизистон сурат мегирад ва ба ин ҳолат масоили ҳалношудаи марбут ба таъйин ва аломатгузорӣ дар қитъаҳои марзи ду кишвар мусоидат мекунанд.

Танҳо моҳи сентябр аз ҷониби гумрукчиёни кишвар 201 ҳодисаи тариқи қочоқ ворид кардани маҳсулот ба ҷумҳурӣ ба маблағи умумии 4 млн. 330 ҳазор сомонӣ ошкор шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...