Криштиану Роналду бори чорум «Тӯби тиллоӣ»-ро соҳиб шуд

Криштиану Роналду, ҳамлагари клуби футболи “Реал”-и Испания бори чорум ҷоизаи маъруфи “Тӯби тиллоӣ”-ро соҳиб шуд. Бино ба иттилои хабаргузории «Озодагон» бо такя ба маълумоти нашрияи France Football, аз аввалин муассисони ин ҷоиза (1956), маросими ҷоизасупорӣ рӯзи 12 декабр дар Париж баргузор гардида,  Роналду бо дарёфти 745 дарсади раъй беҳтарин футболбози ҷаҳон эътироф шудааст. Гуфта мешавад, […]

Хабаргузории «Озодагон»

Криштиану Роналду, ҳамлагари клуби футболи “Реал”-и Испания бори чорум ҷоизаи маъруфи “Тӯби тиллоӣ”-ро соҳиб шуд.

Бино ба иттилои хабаргузории «Озодагон» бо такя ба маълумоти нашрияи France Football, аз аввалин муассисони ин ҷоиза (1956), маросими ҷоизасупорӣ рӯзи 12 декабр дар Париж баргузор гардида,  Роналду бо дарёфти 745 дарсади раъй беҳтарин футболбози ҷаҳон эътироф шудааст.

Гуфта мешавад, Лионел Месси, ҳамлагари “Барселона” бо касби 316 хол дар ҷойи дуввум ва Антуан Гризманн, бозигари мунтахаби тими Фаронса бо дарёфти 198 хол ҷойи сеюмро гирифтааст.

Зимнан зикр мегардад, ки Криштиану Роналду, ҳамлагари клуби “Реал” солҳои 2008, 2013 ва 2014-ум ин ҷоизаро ба даст оварда буд. Роналду дар мавсими футболи 2016, 38 гол дар ҳайати “Реал” ва 13 голи дигар дар мунтахаби Португалия ба дарвозаи ҳариф ворид кардааст.

Қайд мешавад, ки соли 2016 аз бобарортарин сол дар карераи Роналду ба ҳисоб рафта, давоми сол ӯ дар ҳайти “Реал” Ҷоми олии УЭФА ва дар ҳайтаи мунтахаби кишвараш Ҷоми Аврупоро ба даст овард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.