Пешбарии номзадии Абдулло Орипов ба мансаби нахуствазири Ӯзбекистон

Шӯрои сиёсии Ҳаракати соҳибкорон ва тоҷирон – Ҳизби либералӣ-демократии Ӯзбекистон номзадии Абдулло Ориповро ба мансаби нахуствазири Ӯзбекистон пешбарӣ кард. Дар ин бора «Газета.Uz» хабар медиҳад. Абдулло Орипови 55-сола муддати 10 сол – аз соли 2002 то соли 2012 ба ҳайси муовини нахуствазири Ӯзбекистон кор кардааст. Тирамоҳи соли 2012 Прокуратураи генералии Ӯзбекистон нисбати ӯ дар робита […]

Asia-Plus

Шӯрои сиёсии Ҳаракати соҳибкорон ва тоҷирон – Ҳизби либералӣ-демократии Ӯзбекистон номзадии Абдулло Ориповро ба мансаби нахуствазири Ӯзбекистон пешбарӣ кард. Дар ин бора «Газета.Uz» хабар медиҳад.

Абдулло Орипови 55-сола муддати 10 сол – аз соли 2002 то соли 2012 ба ҳайси муовини нахуствазири Ӯзбекистон кор кардааст. Тирамоҳи соли 2012 Прокуратураи генералии Ӯзбекистон нисбати ӯ дар робита ба ғайриқонунӣ иҷозатнома додан ба насби мавҷафканҳои иловагӣ барои эҳтиёҷоти ширкати «Ӯздунробита» (тамғаи «МТС-Ӯзбекистон») парвандаи ҷиноӣ боз намуда, вале тафтишоти ин қазия бо чӣ анҷомид, маълум нест.

Санаи 22 августи соли 2012 Орипов аз мансаби роҳбари ниҳод оид ба масоили низомҳои итиилоотӣ ва телекоммуникатсия сабукдӯш шуда, ному насаби ӯ аз сомонаи ҳукумат хориҷ шуд. Баъди чанд ҳафтаи даргузашти Ислом Каримов (нахустин президенти Ӯзбекистон, 2 сентябр) иҷрокунандаи вазифаи президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ӯро ба ҳайати ҳукумат баргардонида, ба вазифаи муовини нахуствазир, роҳбари ниҳод оид ба масоили сиёсати ҷавонон, фарҳанг, низомҳои иттилоотӣ ва телекоммуникатсия таъин кард.

Абдулло Орипов санаи 24 майи соли 1961 таваллуд шуда, миллаташ ӯзбек аст. Соли 1983 Донишкадаи электротехникии алоқаи Тошкандро хатм кардааст, номзади илмҳои иқтисодӣ. Оиладор, соҳиби панҷ духтар. Бо орденҳои «Дӯстлик» ва «Меҳнат шуҳрати» мукофотонида шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.