Боздошти тоҷикон ба гумони омодасозии амалҳои террористӣ дар Маскав

Asia-Plus

Хадамоти федералии амнияти Русия аз пешгирии як силсила амалҳои террористӣ дар шаҳри Маскав, ки бо дастури як фиристода (эмиссар)-и гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» дар Туркия омода мешудааст, хабар дод. Дар ин бора хабаргузории РИА Новости иттилоъ медиҳад.

«Фаъолияти гурӯҳи тахрибкору террористии иборат аз шаҳрвандони Тоҷикистон ва шаҳрванди Молдова, ки дар шаҳри Маскав содир кардани як силсила амалҳои террористӣ бо истифода аз маводу дастгоҳҳои таркандаи пурқудрати худсохтро тарҳрезӣ карда буданд, қатъ карда шуд», – гуфта мешавад дар маълумоти ин ниҳод.

Дар Хадамоти федералии амнияти Русия қайд кардаанд, ки террористон бо дастури мустақими эмиссари Давлати исломӣ, ки аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон мавриди ҷустуҷӯи байнулмилалӣ эълон шуда, айни замон дар Туркия паноҳ мебарад, як силсила амалҳои террористии пурсарусадоро омода мекардаанд.

Гуфта мешавад, чор тан аз аъзои гурӯҳ дар Маскав боздошт шуда, дар макони зисти онҳо воситаҳои худсохти тарканда, аслиҳа ва ҳамчунин миқдори зиёди маводи тарканда дарёфт шудааст, ки бо ин воситаҳо онҳо боз як бомбаи пуриқтидори худсохт тайёр карданӣ будаанд.

Чанд рӯз қабл директори Хадамоти мазкур Александ Бортников иттилоъ дод, ки соли ҷорӣ дар Русия аз 42 ҷинояти террористӣ пешгирӣ шуда, фиристодагони Давлати исломӣ бо муҳоҷироне сарукор мегиранд, ки ба кору зиндагӣ дар Русия мутобиқ нашудаанд ва аз онҳо гурӯҳҳои мукаммал тартиб дода, ба амалҳои террористӣ нисбати аҳолии осоишта омода мекунанд.

Собиқадори мақомоти амнияти Тоҷикистон Давлатхоҷа Назиров чанде пеш ба «Азия-Плюс» изҳор намуда буд, ки танҳо аз як деҳаи Чорқишлоқи шаҳри Исфараи вилояти Суғд беш аз 100 нафар ҷавонон айни замон дар Сурия қарор дошта, дар сафҳои созмони террористии «Давлати исломӣ» меҷанганд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...