Боздошти тоҷикон ба гумони омодасозии амалҳои террористӣ дар Маскав

Хадамоти федералии амнияти Русия аз пешгирии як силсила амалҳои террористӣ дар шаҳри Маскав, ки бо дастури як фиристода (эмиссар)-и гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» дар Туркия омода мешудааст, хабар дод. Дар ин бора хабаргузории РИА Новости иттилоъ медиҳад. «Фаъолияти гурӯҳи тахрибкору террористии иборат аз шаҳрвандони Тоҷикистон ва шаҳрванди Молдова, ки дар шаҳри Маскав содир кардани як […]

Asia-Plus

Хадамоти федералии амнияти Русия аз пешгирии як силсила амалҳои террористӣ дар шаҳри Маскав, ки бо дастури як фиристода (эмиссар)-и гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» дар Туркия омода мешудааст, хабар дод. Дар ин бора хабаргузории РИА Новости иттилоъ медиҳад.

«Фаъолияти гурӯҳи тахрибкору террористии иборат аз шаҳрвандони Тоҷикистон ва шаҳрванди Молдова, ки дар шаҳри Маскав содир кардани як силсила амалҳои террористӣ бо истифода аз маводу дастгоҳҳои таркандаи пурқудрати худсохтро тарҳрезӣ карда буданд, қатъ карда шуд», – гуфта мешавад дар маълумоти ин ниҳод.

Дар Хадамоти федералии амнияти Русия қайд кардаанд, ки террористон бо дастури мустақими эмиссари Давлати исломӣ, ки аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон мавриди ҷустуҷӯи байнулмилалӣ эълон шуда, айни замон дар Туркия паноҳ мебарад, як силсила амалҳои террористии пурсарусадоро омода мекардаанд.

Гуфта мешавад, чор тан аз аъзои гурӯҳ дар Маскав боздошт шуда, дар макони зисти онҳо воситаҳои худсохти тарканда, аслиҳа ва ҳамчунин миқдори зиёди маводи тарканда дарёфт шудааст, ки бо ин воситаҳо онҳо боз як бомбаи пуриқтидори худсохт тайёр карданӣ будаанд.

Чанд рӯз қабл директори Хадамоти мазкур Александ Бортников иттилоъ дод, ки соли ҷорӣ дар Русия аз 42 ҷинояти террористӣ пешгирӣ шуда, фиристодагони Давлати исломӣ бо муҳоҷироне сарукор мегиранд, ки ба кору зиндагӣ дар Русия мутобиқ нашудаанд ва аз онҳо гурӯҳҳои мукаммал тартиб дода, ба амалҳои террористӣ нисбати аҳолии осоишта омода мекунанд.

Собиқадори мақомоти амнияти Тоҷикистон Давлатхоҷа Назиров чанде пеш ба «Азия-Плюс» изҳор намуда буд, ки танҳо аз як деҳаи Чорқишлоқи шаҳри Исфараи вилояти Суғд беш аз 100 нафар ҷавонон айни замон дар Сурия қарор дошта, дар сафҳои созмони террористии «Давлати исломӣ» меҷанганд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.