Шаҳрдории Душанбе аз бонкҳо 141 млн. сомонӣ воситаҳои буҷетро гирифта наметавонад

Мушкилоти соли равон пайдошуда дар чанде аз бонкҳои кишвар дар мавриди пардохтпазирии онҳо ба иҷрои қисмати даромади буҷети шаҳри Душанбе низ таъсири манфӣ расонид. Зимни суханронӣ назди вакилони Маҷлиси вакилони халқи пойтахт раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар ин робита изҳор намуд, ки 141 млн. сомонӣ маблағи андоз, ки ба буҷети шаҳр тариқи бонкҳо пардохт […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Мушкилоти соли равон пайдошуда дар чанде аз бонкҳои кишвар дар мавриди пардохтпазирии онҳо ба иҷрои қисмати даромади буҷети шаҳри Душанбе низ таъсири манфӣ расонид.

Зимни суханронӣ назди вакилони Маҷлиси вакилони халқи пойтахт раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар ин робита изҳор намуд, ки 141 млн. сомонӣ маблағи андоз, ки ба буҷети шаҳр тариқи бонкҳо пардохт шудааст, то ҳол ба ҷойи таъиноташон нарасидаанд.

Ба гуфтаи раиси пойтахт, ин яке аз сабабҳое мебошад, ки қисмати даромади буҷети шаҳри Душанбе дар зарфи 11 моҳи соли равон ҳамагӣ 90,6% иҷро шудааст.

Сабаби дигари ба иҷро нарасидани буҷети шаҳррро Маҳмасадсаид Убайдуллоев коҳиши маблағи даромадҳо аз андози ширкатҳои мобилӣ унвон кард, ки ин ба кам шудани даромади худи ин ширкатҳо марбут аст.

Тӯли 11 моҳи соли ҷорӣ ба қисмати даромади буҷети шаҳри Душанбе ба ҷойи 1 млрд. 221,3 млн. сомонии пешбинишуда, 1 млрд. 106,6 млн. сомонӣ маблағ ворид шудааст.

Қисмати хароҷоти буҷети пойтахт давоми моҳҳои январ-декабри соли равон 1 млрд. 83,8 млн. сомониро ташкил додааст, ки ба 78,8% аз ҳаҷми пешбинишуда баробар аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.