Қатли собиқ роҳбари диаспораи тоҷикон дар Магнитогорск

Собиқ роҳбари диаспораи тоҷикон дар шаҳри Магнитогорски вилояти Челябински Русия Асадулло Маҳмудов кушта шуд. Ӯ бо захми тир аз дилаш ҳалок шудааст. Куштори Асадулло Маҳмудов, тоҷири 49-солаи тоҷик, ки чанд сол қабл ҳамчунин ба диапораи тоҷикон дар шаҳри Магнитогорск роҳбарӣ мекардааст, субҳи имрӯз сурат гирифтааст. Бино ба маълумоти ВАО-и Русия, замоне, ки Маҳмудов автомашинаи худро […]

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Собиқ роҳбари диаспораи тоҷикон дар шаҳри Магнитогорски вилояти Челябински Русия Асадулло Маҳмудов кушта шуд. Ӯ бо захми тир аз дилаш ҳалок шудааст.

Куштори Асадулло Маҳмудов, тоҷири 49-солаи тоҷик, ки чанд сол қабл ҳамчунин ба диапораи тоҷикон дар шаҳри Магнитогорск роҳбарӣ мекардааст, субҳи имрӯз сурат гирифтааст.

Бино ба маълумоти ВАО-и Русия, замоне, ки Маҳмудов автомашинаи худро назди ҳавлии манзили зисташ мегузоштааст, қотил ба сӯи ӯ якчанд тир холӣ кардааст. Мақомоти тафтишот фармоишӣ будани ин кушторро аз эҳтимол дур намедонад, вале мақсадҳои он алҳол ифшо нашудааст.

Қобили зикр аст, ки тайи ду соли ахир ин чорумин куштори соҳибкори тоҷик дар Магнитогорск мебошад, вале ҳеҷ кадоме аз ин ҷиноятҳо то ҳол ошкор нашудааст.

Хешону наздикони Маҳмудов ба «Азия-Плюс» хабар доданд, ки тоҷири кушташуда зодаи ҷамоати Заргари ноҳияи Бохтар ва хатмкардаи Донишкадаи политехникӣ, ҷанговари интернатисоналист буда, соҳиби як писар аст. Ҷасади зодаи ноҳияи Бохтарро пас аз ташхис ба ватан мефиристанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.