Олмон ба Тоҷикистон 33,5 млн. евро кумак мекунад

Дар шаҳри Берлини Олмон ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Олмон оид ба ҳамкориҳои молиявӣ ва техникӣ барои соли 2017 баргузор гардид. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар ҷаласа натиҷаи ҳамкориҳои баҳри рушд равонашудаи Тоҷикистону Олмон баррасӣ  шуда, ҷиҳати идома додани ҳамкорӣ дар самтҳои рушди босуботи иқтисод ва тандурустӣ таваҷҷуҳ зоҳир шуд. Гуфта мешавад, […]

Asia-Plus

Дар шаҳри Берлини Олмон ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Олмон оид ба ҳамкориҳои молиявӣ ва техникӣ барои соли 2017 баргузор гардид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар ҷаласа натиҷаи ҳамкориҳои баҳри рушд равонашудаи Тоҷикистону Олмон баррасӣ  шуда, ҷиҳати идома додани ҳамкорӣ дар самтҳои рушди босуботи иқтисод ва тандурустӣ таваҷҷуҳ зоҳир шуд.

Гуфта мешавад, ҷониби Олмон аз қабули Стратегияи нави рушди миллии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2030 истиқбол намуда, омодагии худро барои саҳмгузорӣ дар иҷрои бандҳои он иброз намуд. Тибқи муқаррароти Протоколи баимзорасида Ҳукумати Олмон ба Ҳукумати Тоҷикистон дар доираи ҳамкориҳо баҳри рушд дар солҳои 2016-2017 маблағҳои навро дар ҳаҷми 33,5 миллион Евро пешниҳод менамояд.

Зимнан зикр мегардад, ки роҳбарии ҳайати Тоҷикистонро муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдо Саидраҳмон Назризода бар ӯҳда дошта, дар кори он сафири Тоҷикистон дар Олмон Маликшо Неъматов иштирок намуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.