Шоми фарҳанги Тоҷикистон дар Маскав

Сафорати Тоҷикистон дар Русия дар ҳамкорӣ бо Вазорати фарҳанги Русия ва ширкати “Росконқерт “ дар Хонаи марказии адибони шаҳри Маскав бо шукӯҳу шаҳомати хос Шоми фарҳанги Тоҷикистонро баргузор намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сафорат, дар ин чорабинӣ намояндагони вазорату идораҳо, зиёиён, васоити ахбори омма ва чеҳраҳои шинохтаи Россия, устодон ва донишҷӯёни мактабҳои олии шаҳри […]

Asia-Plus

Сафорати Тоҷикистон дар Русия дар ҳамкорӣ бо Вазорати фарҳанги Русия ва ширкати “Росконқерт “ дар Хонаи марказии адибони шаҳри Маскав бо шукӯҳу шаҳомати хос Шоми фарҳанги Тоҷикистонро баргузор намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сафорат, дар ин чорабинӣ намояндагони вазорату идораҳо, зиёиён, васоити ахбори омма ва чеҳраҳои шинохтаи Россия, устодон ва донишҷӯёни мактабҳои олии шаҳри Москва, ки ба омӯзиши забони тоҷикӣ машғуланд, ҳамчунин тоҷикони муқими шаҳри Москва ҳузур доштаанд.

Чорабинии пуршукӯҳро сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов ва муовини вазири фарҳанги Русия  Сергей Обривалин ҳусни ифтитоҳ бахшида,  сафир зикр намуд, ки муносибатҳои фаҳангии Тоҷикистону Русия аз умқи таърих пайваста густариш меёбанд ва чорабинии мазкур аз рағбати ҳарду кишвар барои тақвияти муносибатҳои дӯстӣ, шарокати стратегӣ ва сатҳи баланди боварӣ дар соҳаҳои мухталифи ҳамкории Тоҷикистону Русия шаҳодат медиҳад.

Обривалин Сергей пайғом ва табрикоти самимии вазири фарҳанги Русияро ба самъи ҳозирин расонида, аз сатҳи баланди ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Россия изҳори қаноъатмандӣ намуд.

Гуфта мешавад, ҳунари волои санъаткорон ба мисли Далер Назаров, Ноҳид Зайналпур, гурӯҳи Шамс, Бобоҷон Амонулло ва дигарон ҳозиринро ба давраҳои заррини рушди илму фарҳанги ғании мардуми куҳанбунёди тоҷик баргардонида, бо савту навои дилнишини аҷдодӣ хотири ҳамагонро болида гардонид.

Зикр мегардад, ки инчунин намоиши мусаввараҳои рассомони шинохтаи тоҷик ва қироати шеърҳои шоирони классикӣ ва муосири кишварамон бо забоҳои тоҷикӣ ва русӣ ҳусну таровати хосае ба ин шом бахшиданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.