Иқдом! Пастшавии навбатии меъёри фоизӣ дар «Спитамен Бонк»

Иттилоияи расмӣ

ҶСП «Спитамен Бонк» бо ҳамроҳии ширкати сохтмонии “Авиценна” дар бораи саршавии иқдоми “Қарзи ипотекӣ бо 12%” хабар доданд.

Ҳафтаи охирини соли 2016, “Спитамен Бонк” дар якҷоягӣ бо ширкати сохтмонии "Авиценна” хушхабаре ба мизоҷонашон расониданд: акнун хоҳишмандон имконияти харидани хонаро дар маҷмааҳои истиқоматии “Авиценна” бо истифода аз қарзи ипотекие, ки фоизи солонааш танҳо 12% аст, пайдо карданд. Ғайр аз ин, чор моҳи аввал меъёри фоизии қарз ба 0% баробар мешавад!

Имрӯз чунин шартҳои қарзи ипотекӣ дар бозори қарзии Тоҷикистон яке аз дастрастаринҳо мебошанд.

“Зарурати фароҳам овардани шартҳои дастрас барои қарзи ипотекӣ аз ҷониби “Спитамен Бонк” пешниҳод шудааст: нахуст барои ҳамаи табақаи аҳолӣ дастрас кардани қарзи ипотекӣ, дуюм ба  рушди сохтмон мусоидат кардан, сеюм ташаккули ҳамкориҳои самарабахш миёни Спитамен Бонк ва намояндагони сохторҳои соҳибкорӣ» – қайд намуд Муовини аввали Раиси Раёсат  Умедҷон Ҳикматов.

Барои гирифтани қарзи ипотекӣ хоҳишмандон бояд ба ширкати сохтмонии "Авиценна” муроҷиат карда, хонаи маъқулашонро ҳамроҳи мушовир интихоб намоянд. Сипас, баъд аз пардохти 30% арзиши хона, мизоҷ ҳамроҳи мушовир ба филиали наздиктарини “Спитамен Бонк” барои гирифтани қарзи ипотекӣ муроҷиат мекунад. Агар мизоҷ аллакай қисми арзиши хонаро пардохта бошаду хоҳад, ки барои пардохти боқимондаи арзиши хона қарз гирад, онгоҳ бояд ба филиалҳои ҶСП «Спитамен Бонк» муроҷиат кунад ва дар он ҷо мутахассисон барои омодасозии ҳуҷҷатҳои зарурӣ ёрӣ мерасонанд.

Иқдоми “Қарзи ипотекӣ бо 12%” танҳо ба  сохтмонҳои нави ширкати "Авиценна” дахл дорад. Кормандони "Авиценна” ва намояндагони Спитамен Бонк дар презентатсияи расмӣ қайд карданд, ки робитаи “сохтмончӣ-мизоҷ-бонк” –ро дақиқ фикр карда баромадаанд. Дар давоми раванди додани қарзи ипотекӣ аз аввалин муроҷиати мизоҷ оғоз карда, то ба охирин пардохти қарз, ба мизоҷ ҳам корманди ширкати сохтмонии "Авиценна” ва ҳам кормандони шӯъбаи қарзии ҶСП «Спитамен Бонк» ёрии машваратӣ мерасонанд.

“Барои он ки мизоҷон  аз як ширкат ба ширкати дигар равуои бисёр накунанд, мо тасмим гирифтем, ки аз ҷониби ҳарду ширкат хизматрасонии ба мизоҷ нигаронидашударо бо сифати баланд расонанд. Мизоҷоне, ки дар давраи иқдом барои гирифтани қарзи ипотекӣ ба Бонк муроҷиат мекунанд, бо кормандони ширкати "Авиценна” шинос карда мешаванд. Барои мо муҳим аст, ки мизоҷонро бо хизматрасониҳои босифат ва бароҳат таъмин намоем” – мегӯянд таҳиягарони маҳсулоти қарзӣ.

Иқдоми “Қарзи ипотекӣ бо 12%” танҳо барои хариди хона дар биноҳои ширкати ”Авитсенна”, аз 27 декабри соли 2016 то 31 марти соли 2017, амалӣ мегардад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...