«Сомон Эйр»: Тоҷикистониён дар фурудгоҳи Иркутск парвозро мунтазиранд

Дар ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» маълумот доир ба таъхири парвози ҳавопаймо ба Душанбе аз фурудгоҳи шаҳри Иркутскро тасдиқ намуда, зикр карданд, ки мусофирони ин хатсайр аллакай муддати як шабонарӯз интизори парвоз мебошанд. «Мо ҳамеша бо онҳо дар робита ҳастем, мо он ҷо намояндаи худро дорем, – мегӯяд як манбаъ дар ширкат. – Агар тавофуқ ҳосил […]

Asia-Plus

Дар ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» маълумот доир ба таъхири парвози ҳавопаймо ба Душанбе аз фурудгоҳи шаҳри Иркутскро тасдиқ намуда, зикр карданд, ки мусофирони ин хатсайр аллакай муддати як шабонарӯз интизори парвоз мебошанд.

«Мо ҳамеша бо онҳо дар робита ҳастем, мо он ҷо намояндаи худро дорем, – мегӯяд як манбаъ дар ширкат. – Агар тавофуқ ҳосил шавад, шоми имрӯз, тақрибан соати 18:00 парвоз ба Душанбе аз ин фурудгоҳ дар назар аст. Вале агар парвоз сурат нагирад, ҳамаи мусофирон метавонанд пулҳои худро бозгашт гиранд».

Афроде, ки зери поварақи хабари «Уральские авиалинии» выполняет рейсы в Таджикистан без ограничений» шарҳ гузоштаанд, менависанд, ки пулҳои онҳоро барнагардонида, гуфтаанд, ки пагоҳ дар ҳамин вақт ҳозир шаванд ва Тимур Бандишоев (сухангӯи «Сомон Эйр») дурӯғ мегӯяд. Ҳамчунин зикр мешавад, ки онҳо ба фурудгоҳи Иркутск аз минтақаҳои Братск, Сургут ва ғайра омода, шабона ҳеҷ ҷои рафтание надоранд ва дар берун ҳаво 32 дараҷа хунук аст.

Ба гуфтаи манбаъ дар ширкати ҳавопаймоӣ, то дирӯз 27 нафар ба намояндаи «Сомон Эйр» дар фурудгоҳи Иркутск муроҷиат намуда, «барои шабгузаронии ҳамаашон шароит муҳайё шудааст». Дигар шаҳрвандон ҳам метавонанд муроҷиат кунанд, ба ҳамаашон кумаку мусоидат мекунем», – гуфт манбаъ.

Ба гуфтаи ӯ, айни замон ширкат ба мусофирони ду хатсайр ба Краснодар, ду хатсайр ба Красноярск ва як хатсайр ба Оренбург пулҳояшонро баргардонидааст.

«Баргардонидани пулҳо бидуни ягон мушкилӣ ҳам дар Душанбе ва ҳам дар шаҳрҳои Русия сурат мегирад, – мегӯяд намояндаи «Сомон Эйр». – Агар нафаре бо сабабе пулашро барои баргардонидани билет дар шаҳрҳои Русия гирифта натавонад, ба ин ҷо омада, дар мудатти як сол онро дастрас карда метавонад».

Ёдрас мекунем, ки дар посух ба қарори Тоҷикистон доир ба иҷоза надодани парвози ҳавопаймоҳои ширкати «Ямал» аз фурудгоҳи Жуковский, парвозҳои ширкати «Сомон Эйр» ба минтақаҳои Русия санаи 23 декабр қатъ карда шуданд.

Қаблан аз ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» изҳор дошта буданд, ки ба баргардонидани пулҳои мусофироне, ки ба хатсайрҳои Душанбе-Оренбург, Душанбе-Краснодар, Душанбе-Иркутск ва Душанбе-Красноярск билетҳо харида буданд, оғоз намудаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.

Дар Тоҷикистон минтақаҳои озоди иқтисодӣ рақамӣ мешаванд

Минбаъд соҳибкорон имкон пайдо мекунанд, ки дархостҳои худро ба таври онлайн пешниҳод кунанд..

Заҳролудшавии 4 кас баъди истеъмоли гушти мурғ дар яке аз ошхонаҳои Панҷакент

Ошхонае, ки сокинон заҳролуд шудаанд, муваққатан баста шудааст.

Тасдиқи реҷаи нави кори мағоза ва тарабхонаву марказҳои дилхушӣ дар Душанбе. Онҳо то кай бояд кор кунанд?

Соҳибони марказҳои савдову хидматрасонӣ бояд реҷаи кори худро бо комиссияи шаҳрдорӣ мувофиқа кунанд.

Русия 27 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Эрон берун баровардааст

Онҳо дар нерӯгоҳи ҳастаии "Бушаҳр" кор мекарданд.

Муштзанони тоҷик дар марҳилаи якуми Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия ширкат мекунанд

Федератсияи бокси Тоҷикистон ҳайати дастаро, ки аз 4 варзишгар иборат аст, эълон кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 68

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.