Талаби муҷозоти раиси КДАМ дар Қирғизистон

Омурбек Текебоев, раиси ҷиноҳи "Ота-Макон"-и порлумони Қирғизистон талаб дорад, ки Абдил Сегизбоев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии кишвараш (КДАМ) ба ҷавобгарӣ кашида шавад. Бино ба иттилои сомонаи Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ, Текебоев имрӯз зимни як нишасти хабарӣ дар Бишкек гуфтааст, ки барои дастрас кардани ҳуҷҷатҳои аз Белиз фиристодашуда расман ба КДАМ Қирғизистон нома навиштаанд. Вале […]

Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ

Омурбек Текебоев, раиси ҷиноҳи "Ота-Макон"-и порлумони Қирғизистон талаб дорад, ки Абдил Сегизбоев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии кишвараш (КДАМ) ба ҷавобгарӣ кашида шавад.

Бино ба иттилои сомонаи Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ, Текебоев имрӯз зимни як нишасти хабарӣ дар Бишкек гуфтааст, ки барои дастрас кардани ҳуҷҷатҳои аз Белиз фиристодашуда расман ба КДАМ Қирғизистон нома навиштаанд. Вале ба гуфтаи ӯ, ин ниҳод бо истинод ба қонун дар бораи фаъолияти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ҷавоби рад додааст.

Бар пояи қонуни мазкур Сегизбоев ҳақ надорад, ки маълумоти махфиро ифшо кунад. Аммо Текебоев мегӯяд, маълумоти мазкур дар ҷаласаи порлумони кишвараш эълон ва дар ВАО нашр шудааст. "Аз ин рӯ, онҳо хусусияти махфӣ будани худро аз даст додаанд", – афзудааст вакили қирғиз.

Раиси ҷиноҳи "Ота-Макон" зикр кардааст, ки Сегизбоев ба вакилони кишвараш ваъда додааст, ки нусхаи ҳуҷҷатҳоро пешниҳод хоҳад кард. "Вале ба дархости мо ҷавоби рад доданд. Баъдан мо ба Додситонии кул муроҷиат карда, хостем ба ин қазия баҳои қонунӣ дода шавад", – изҳор доштааст вай. Текебаев мегӯяд, президент Алмосбек Отамбоев гуфтааст, ки агар ҳуҷҷатҳои Белиз тасдиқи худро наёбанд, Сегизбоев ба ин ҷавоб хоҳад гуфт.

Абдил Сегизбоев, раиси Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон ахиран ба президент Алмосбек Отамбоев гуфт, ҳуҷҷатҳое, ки онҳо аз мақомоти расмии Белиз дастрас кардаанд, нишон медиҳад, бархе мақомҳои баландпояи ин кишвар (вакилони кунунии порлумон) манфиатдор буданд, то ширкати "Саутфилд" (эҳтимолан соҳиби он Максим Боқиев аст) моҳи апрели соли 2012 аз фурӯши бахши саҳмияҳои ҳанӯз миллиношудаи ширкати "Алфа Телеком" беш аз 50 миллион доллар ба даст оранд.

Дар ҳуҷҷатҳое, ки дастгоҳи президенти Қирғизистон нашр кард, номи се вакили порлумон аз ҷиноҳи "Ота-Макон" Омурбек Текебоев, Алмамбет Шикмаматов ва Аида Салянова дида мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.