Сафири Русия: ихтилофи мақомоти авиатсионии кишварҳо иқтисодианд

Зимни нишасти хабарии имрӯза сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов дар робита ба мушкилот миёни мақомоти авиатсионии кишварҳо изҳор дошт, ки ин масъала ҳанӯз то охир ҳал нашуда, марҳилаи якуми машваратҳо доир гардид, вале ҷонибҳо ба созиш расида натавонистанд. Ба гуфтаи дипломат, ин масъала ҷанбаи иқтисодӣ дошта, зимни ҳаллу фасли он манфиатҳои ҳарду ҷонибро ба […]

Asia-Plus

Зимни нишасти хабарии имрӯза сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов дар робита ба мушкилот миёни мақомоти авиатсионии кишварҳо изҳор дошт, ки ин масъала ҳанӯз то охир ҳал нашуда, марҳилаи якуми машваратҳо доир гардид, вале ҷонибҳо ба созиш расида натавонистанд.

Ба гуфтаи дипломат, ин масъала ҷанбаи иқтисодӣ дошта, зимни ҳаллу фасли он манфиатҳои ҳарду ҷонибро ба инобат гирифтан зарур аст.

«Барои ҳаллу фасли муваффақонаи ин масъала Тоҷикистону Русия асосу заминаҳои зиёде доранд, зеро кишварҳои мо шарикони стратегӣ, иттифоқчӣ ва дӯстони ҳамдигаранд», – қайд кард сафир.

Дар ҳамин ҳол, гуфтушунидҳо миёни мақомоти дахлдори Тоҷикистону Русия дар Маскав оид ба ин масъала то ҳанӯз идома доранд.

Ҷонибҳо то ҳол тавофуқе ҳосил накардаанд: Тоҷикистон ба парвози ҳавопаймоҳои ширкати русиягии «Ямал» аз фурудгоҳи Жуковский иҷозат надода, дар посух Русия парвози ҳавопаймоҳои ширкати тоҷикистонии «Сомон Эйр»-ро ба шаҳрҳои Оренбург, Краснодар, Иркутск ва Красноярск манъ кард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.