Сафари раҳбарияти РУСАЛ ба Душанбе барои оштишавӣ бо ТАЛКО

Дар назар аст, ки дар ҷараёни сафар оид ба минбаъд аз байн бурдани ихтилофҳо миёни ин ширкати русиягӣ ва Ширкати алюминии тоҷик (ТАЛКО) тавофуқҳо ҳосил шаванд. Аз хадамоти матбуоти ТАЛКО ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки ҳайати ширкати русиягӣ таҳти роҳбарии директори генералии РУСАЛ Владислав Соловев рӯзи 26 декабр ба Душанбе ташриф овардааст. […]

Asia-Plus

Дар назар аст, ки дар ҷараёни сафар оид ба минбаъд аз байн бурдани ихтилофҳо миёни ин ширкати русиягӣ ва Ширкати алюминии тоҷик (ТАЛКО) тавофуқҳо ҳосил шаванд.

Аз хадамоти матбуоти ТАЛКО ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки ҳайати ширкати русиягӣ таҳти роҳбарии директори генералии РУСАЛ Владислав Соловев рӯзи 26 декабр ба Душанбе ташриф овардааст.

Намояндагони РУСАЛ аллакай аз корхонаҳои ТАЛКО дар ноҳияи Ёвон боздид намуда, бо ҷараёни истеҳсоли алюминий дар корхонаи шаҳри Турсунзода шинос шудаанд. Бо раҳбарияти ТАЛКО мулоқот доир гардида, дар ҷараёни он ҷонибҳо имконоти комилан бартараф кардани ихтилофҳои ҷойдошта миёни тарафҳо ва роҳандозии ҳамкории барои тарафайн судмандро баррасӣ кардаанд.

Дар хадамоти матбуоти ТАЛКО қайд карданд, ки ин сафари ҳайати РУСАЛ аввалин тайи 10 соли ахир аст, ки он замон молики ин ширкати русиягӣ, роҳбари раёсати холдинги «Базовый элемент» Олег Дерипаска ба ҷумҳурӣ омада буд.

Қобили зикр аст, ки баҳси чандинсолаи тиҷоратӣ миёни «Русал» ва «Талко» тирамоҳи соли 2013 ба итмом расида , суди байнулмилалии ҳакамӣ дар Швейтсария ширкати Тоҷикистонро ба пардохти 274,3 млн. доллари ИМА ба сохторҳои Олег Дерипаска уҳдадор намуд.

Суд ба хулоса расид, ки «ТАЛКО» шартҳои созишномаи соли 2003 баимзорасидаро, ки мутобиқи он Hamer Investing Ltd (мансуб ба Rusal) ба ширкати Тоҷикистон ашёи хом таҳвил дода, алюминии ваъдагӣ ба маблағи беш аз 112,7 млн. доллари ИМА-ро нагирифтааст, риоя накардааст. Ба ин маблағ ҳамчунин даромади аздастрафта дар ҳаҷми ҳудуди 147 млн. доллари ИМА ва хароҷоти судӣ ба маблағи 14,5 млн. доллари ИМА низ илова шуд.

Барои иҷрои қарори суд дар ниҳояти кор «Русал» бояд ба Суди олии иқтисодии Тоҷикистон муроҷиат мекард, аммо раҳбарияти ширкати русиягӣ аз ин кор даст кашид, зеро Прокуратураи генералии Тоҷикистон нисбати Hamer парванда боз кард, ки дар он зиёни расида ба «Талко» аз ҷониби сохтори Дерипаска дар ҳаҷми 400 млн. доллари ИМА зикр гардида буд.

Моҳи феврали соли 2015  КВД «Ширкати алюминии тоҷик» (ТАЛКО) ва ширкати алюминии «Русал»-и Русия оид ба даст кашидан аз даъвоҳои мутақобила тавофуқ ҳосил карда, раҳбарияти ҳарду ширкат созишнома ба имзо расониданд. Аввали соли равон ҳукумати Тоҷикистон бо қарори худ ТАЛКО-ро вазифадор кард, ки бо сохторҳои РУСАЛ ба созиш бирасад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.