Собиқ сухангӯи президент сирҳои сиёсии Эмомалӣ Раҳмонро ифшо кард

Китоби нави сармушовири дастгоҳи ёвари Президенти Тоҷикистон оид ба масоили робитаҳои хориҷӣ, собиқ сухангӯи президенти ҷумҳурӣ Зафар Сайидзода (Зафар Саидов) таҳти унвони «Тоҷикистони муосир: масъалаҳои муҳими рушди миллӣ дар шароити истиқлолият» ба нашр расид. Китоб бо забони тоҷикӣ аз ҷониби нашриёти «Контраст» чоп шуда, сармуҳаррири он доктори илмҳои филологӣ, профессори Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон […]

Asia-Plus

Китоби нави сармушовири дастгоҳи ёвари Президенти Тоҷикистон оид ба масоили робитаҳои хориҷӣ, собиқ сухангӯи президенти ҷумҳурӣ Зафар Сайидзода (Зафар Саидов) таҳти унвони «Тоҷикистони муосир: масъалаҳои муҳими рушди миллӣ дар шароити истиқлолият» ба нашр расид.

Китоб бо забони тоҷикӣ аз ҷониби нашриёти «Контраст» чоп шуда, сармуҳаррири он доктори илмҳои филологӣ, профессори Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон Масрур Абуллоев мебошад.

Китоб аз 608 саҳифа ва се боб иборат буда, дар боби аввали он муаллиф беғаразона фаъолияти сиёсӣ ва нуқтаи назари президент Эмомалӣ Раҳмонро дар марҳилаҳои гуногуни ташаккул ва таҳкими давлатдории миллии тоҷикон ба риштаи таҳлил кашидааст.

Мазмуну мундариҷаи боди дуюми китоб – «Фаъолияти байнулмилалии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: бозгашти давлати миллии тоҷикон ба арсаи сиёсати ҷаҳонӣ» аз арзёбии воқеъияти сиёсии ҷаҳони муосир, шарҳи масоили асосҳои дарк ва падидаҳои амалии сиёсати хориҷии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон иборат аст.

Дар боби сеюм Зафар Сайидзода доир ба роҳу воситаҳои ҳимояи асосҳои иҷтимоиву ахлоқӣ ва фарҳанги забони ҷомеаи мо аз таъсири харобиовари ҷаҳонишавӣ (глобализатсия) дар замони муосир ибрози андеша мекунад.

Ин китоб барои доираи васеи хонандагони касбу кори гуногун, аз ҷумла сиёсатмадорон, дипломатҳо, кормандони соҳаи илму маориф ва дигар соҳаҳо пешбинӣ шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.