Ташрифи ҳайати сершумори ҳукумати Ӯзбекистон ба Душанбе

Ҳайати сершумори ҳукумати Ӯзбекистон таҳти роҳбарии муовини нахуствазири кишвари ҳамося Рустам Азимов имрӯз ба пойтахти Тоҷикистон ташриф овард. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, дар шаҳри Душанбе имрӯз ҷаласаи навбатии комиссияи байниҳукуматӣ доир мегардад. Ҳайати ҳарду кишвар аз муовинони вазирони корҳои хориҷӣ, робитаҳои байнулмилалии хориҷӣ, савдо ва сармоягузорӣ, кишоварзӣ ва хоҷагии […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Ҳайати сершумори ҳукумати Ӯзбекистон таҳти роҳбарии муовини нахуствазири кишвари ҳамося Рустам Азимов имрӯз ба пойтахти Тоҷикистон ташриф овард.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, дар шаҳри Душанбе имрӯз ҷаласаи навбатии комиссияи байниҳукуматӣ доир мегардад.

Ҳайати ҳарду кишвар аз муовинони вазирони корҳои хориҷӣ, робитаҳои байнулмилалии хориҷӣ, савдо ва сармоягузорӣ, кишоварзӣ ва хоҷагии об, муовинони роҳбарони Хадамоти гумрук ва дигар мансабдорони воломақоми ҳарду ҷониб иборат аст.

Қаблан иттилоъ дода будем, ки аввали ҳамин ҳафта дар Душанбе баргузории ҷаласаи навбатии комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодиву тиҷоратии Тоҷикистон дар назар аст, ки ҳамраисони он муовини нахуствазири Ӯзбекистон Рустам Азимов ва муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид мебошанд.

Дар ҷаласаи комиссия, ки имрӯз оғоз гардида, пагоҳ ба итмом мерасад, баррасии масоили афзоиш ва густариши номгӯи таҳвили маҳсулоти саноатӣ, таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсоли маҳсулоти серталаб дар бозорҳои ҳарду кишвар, роҳандозии ҳамкориҳо дар соҳаи нақлиёту коммуникатсия, мақомоти гумрук, ҳамкориҳои фарҳангиву гуманитарӣ, тавсеъаи заминаи қарордодиву ҳуқуқии ҳамкориҳои дуҷониба ва ғайра дар назар аст.

Ҳамчунин дар вохӯрӣ баррасии масъалаҳои марбут ба сабуксозии реҷаи раводид миёни кишварҳо, ки аз моҳи сентябри соли 2000 амал мекунад, дар назар аст. Шурӯъ аз моҳи январи соли 2017 байни пойтахтҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон – Душанбе ва Тошканд парвози ҳавопаймоҳо фаъол хоҳанд гашт.

Интизор меравад, ки муовини нахуствазири Ӯзбекистон Рустам Азимовро Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур мепазирад.

Аввали соли оянда Тошканд ният дорад, ки дар Душанбе намоиши пуршукӯҳи маҳсулоти Ӯзбекистонро баргузор кунад, ки дар он аз ҷумла маҳсулоти саноати мошинсозӣ, хӯрокворӣ ва дигар соҳаҳо ба маърази тамошо гузошта шуда, дар доираи кори ин намоиш бори нахуст дар таърихи давлатҳо ҳамоиши тиҷоратии доираҳои соҳибкории Тоҷикистону Ӯзбекистон доир мегардад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.