Коршинос сабабҳои пайдошавии қарзҳои берунаи Тоҷикистонро шарҳ дод

Asia-Plus

Иқтисодчӣ Муним Ҳасанов бар ин назар аст, ки бо ба соҳибистиқлолӣ расидани Тоҷикистон, робитаҳои зич бо дигар ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ канда шуда, аз собиқ марказ ҳам кумаки доимӣ ба охир расид ва ҳамаи ин ба пайдо шудани қарзи хориҷии кишвари аз нигоҳи иқтисодиву иҷтимоӣ рушднаёфтаи Тоҷикистон боис гардид.

«Мавҷуд набудани вазъи муносиби иҷтимоиву иқтисодӣ дар замони шӯравӣ дар Тоҷикистон яке аз сабабҳои ба вуҷуд омадани қарзи хориҷии кишвар шуд», – қайд мешавад дар муаррифии гузориши корманди пешбари илмии Пажуҳишгоҳи иқтисод ва демографияи АИ ҶТ Муним Ҳасанов дар мавзӯи « Қарзи давлатии хориҷии Тоҷикистон: дурнамо, ташаккул, вазъи ҷорӣ ва тамоилҳо».

Ба андешаи ӯ, аввали солҳои 90-уми асри гузашта «қисмате хеле зиёди захираҳои кории соҳибтаҷриба Тоҷикиситонро тарк карда, ба кишвар бештар рушдёфта рафтанд, ки ин ҳам ба пайдошавии қарзи хориҷӣ мусоидат кард».

«Бад шудани вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ Тоҷикистонро маҷбур сохт, ки ҳам барои дастгирии бозори дохилии истеъмолӣ, ҳам барои рӯйпӯш кардани касри буҷет ва ҳам маблағгузории кофӣ аз хориҷа қарз пурсад», – қайд мекунад иқтисодчӣ.

Ҳамчунин яке аз сабабҳои дигар пайдошавии қарзҳои хориҷии Тоҷикистонро коршинос ба хусусиятҳои мавқеи ҷуғрофии Тоҷикистон, аз ҷумла дурӣ аз бозорҳои асосии молу маҳсулот ва хизматгузориву сармоя, мавҷуд набудани роҳи баромад ба баҳр низ рабт медиҳад.

Бино ба маълумоти Вазорати молияи ҷумҳурӣ, ҳаҷми қарзи хориҷии Тоҷикистон ба аввали моҳи октябри соли равон қариб 2,3 млрд. доллари ИМА-ро ташкил дода, аз оғози соли равон (аввали соли 2016 – ҳудуди 2 млрд. 182 млн. $) ба миқдори 118 млн. доллари ИМА афзудааст.

Дар сохтори қарзи берунаи ҷумҳурӣ беш аз 2,1 млрд. доллари ИМА ба қарзи бевоситаи давлатӣ рост меояд, ки иҷрои хизматрасониҳои ҳукумати кишварро таъмин мекунад.

Қарздиҳандаи асосӣ ба Тоҷикистон Чин мебошад, ки Тоҷикистон аз ин кишвар дар маҷмӯъ қариб 1,2 млрд. доллари ИМА қарздор буда, ин нишондиҳанда аз ҳаҷми умумии қарзи хориҷӣ беш аз 52%-ро ташкил медиҳад.

Ҳаҷми қарзҳои гирифтаи Тоҷикистон Бонки ҷаҳонӣ – ҳудуди 305 млн. доллари ИМА, аз Бонки осиёгии рушд – 262 млн. доллари ИМА ва аз Бонки исломии рушд – 108 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...