Таъкиди Эмомалӣ Раҳмон ба муҳимияти таҳкими сарҳади давлатии Тоҷикистон

Asia-Plus

Дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 26 декабр дар мулоқоти роҳбарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) иштирок ва суханронӣ намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар оғоз Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба Президенти Русия Владимир Путин ва ба наздикону пайвандони нафарони бар асари суқути ҳавопаймои ҳарбӣ-нақлиётӣ дар фазои Баҳри Сиёҳ ҳалокшуда ҳамдардӣ ва тасаллияти амиқ изҳор дошт.

Гуфта мешавад, иштирокчиёни мулоқот масоили мубрами марбут ба авзои кунунии минтақа ва ҷаҳон, аз қабили афзоиши хатари терроризму экстремизм, вазъи мураккаби сиёсию низомии Афғонистон ва масъалаҳои вобаста ба таъмини амнияту субот дар қаламрави давлатҳои аъзои созмонро мавриди баррасӣ қарор дода, атрофи дурнамои ҳамкориҳои дастаҷамона дар доираи СААД мубодилаи афкор намуданд.

Президенти Тоҷикистон таваҷҷуҳи роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои созмонро ба масъалаҳои вобаста ба тағйирёбии вазъи сиёсию низомӣ дар аксар кишварҳои минтақа ва ҷаҳон ҷалб сохта, таъкид бар он доштанд, ки ҳолати мавҷуда аз давлатҳои аъзои Созмон масъулияти бузурги таҳкими ҳамгироию муштаракот ва амалисозии тадбирҳои шадиди пешгирикунандаи ҳама гуна хатару чолишҳои минтақавӣ ва байналмилалиро беш аз пеш тақозо менамояд.

Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз роҳбарони давлатҳои аъзои созмон даъват ба амал оварданд, ки ба масъалаи муҳимияти ҳифз ва таҳкими сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Афғонистон ҳамчун тадбири муҳим дар муборизаи муштарак бар зидди терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ аҳамияти авалиндараҷа зоҳир намоянд.

Дар ҷаласа роҳбарони давлатҳои аъзои ин созмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин, Президенти Арманистон Серж Саргсян, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Алмазбек Атамбоев иштирок намуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи иди баҳор –Наврӯз дастархони идона омода карда, дар он анвои гуногуни хӯрокҳои миллӣ гузоранд. Муҳимтарини...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.

Доми қарз. Чӣ гуна дар Тоҷикистон метавон қарз гирифт ва баъд пушаймон нашуд?

Шарҳ медиҳем, ки шумо ба чӣ гуна хавфҳо дучор шуда метавонед ва бароятон ҷиҳати огоҳона қарор қабул кардан дар ин бора тавсияҳои одӣ медиҳем.

“Муаррифи драмматургияи тоҷик”. Ёдбуди нависандаи шинохта Меҳмон Бахтӣ

Агар умр вафо мекард, имрӯз Меҳмон Бахтӣ, Нависандаи халқии Тоҷикистон...