Ташрифи ҳайати сершумори ҳукумати Ӯзбекистон ба Душанбе

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Ҳайати сершумори ҳукумати Ӯзбекистон таҳти роҳбарии муовини нахуствазири кишвари ҳамося Рустам Азимов имрӯз ба пойтахти Тоҷикистон ташриф овард.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, дар шаҳри Душанбе имрӯз ҷаласаи навбатии комиссияи байниҳукуматӣ доир мегардад.

Ҳайати ҳарду кишвар аз муовинони вазирони корҳои хориҷӣ, робитаҳои байнулмилалии хориҷӣ, савдо ва сармоягузорӣ, кишоварзӣ ва хоҷагии об, муовинони роҳбарони Хадамоти гумрук ва дигар мансабдорони воломақоми ҳарду ҷониб иборат аст.

Қаблан иттилоъ дода будем, ки аввали ҳамин ҳафта дар Душанбе баргузории ҷаласаи навбатии комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодиву тиҷоратии Тоҷикистон дар назар аст, ки ҳамраисони он муовини нахуствазири Ӯзбекистон Рустам Азимов ва муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид мебошанд.

Дар ҷаласаи комиссия, ки имрӯз оғоз гардида, пагоҳ ба итмом мерасад, баррасии масоили афзоиш ва густариши номгӯи таҳвили маҳсулоти саноатӣ, таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсоли маҳсулоти серталаб дар бозорҳои ҳарду кишвар, роҳандозии ҳамкориҳо дар соҳаи нақлиёту коммуникатсия, мақомоти гумрук, ҳамкориҳои фарҳангиву гуманитарӣ, тавсеъаи заминаи қарордодиву ҳуқуқии ҳамкориҳои дуҷониба ва ғайра дар назар аст.

Ҳамчунин дар вохӯрӣ баррасии масъалаҳои марбут ба сабуксозии реҷаи раводид миёни кишварҳо, ки аз моҳи сентябри соли 2000 амал мекунад, дар назар аст. Шурӯъ аз моҳи январи соли 2017 байни пойтахтҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон – Душанбе ва Тошканд парвози ҳавопаймоҳо фаъол хоҳанд гашт.

Интизор меравад, ки муовини нахуствазири Ӯзбекистон Рустам Азимовро Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур мепазирад.

Аввали соли оянда Тошканд ният дорад, ки дар Душанбе намоиши пуршукӯҳи маҳсулоти Ӯзбекистонро баргузор кунад, ки дар он аз ҷумла маҳсулоти саноати мошинсозӣ, хӯрокворӣ ва дигар соҳаҳо ба маърази тамошо гузошта шуда, дар доираи кори ин намоиш бори нахуст дар таърихи давлатҳо ҳамоиши тиҷоратии доираҳои соҳибкории Тоҷикистону Ӯзбекистон доир мегардад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...