Боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз маҷмааи «Сафед-Дара»

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз аз Маҷмааи кӯҳию лижаронии «Сафед-Дара» дар ноҳияи Варзоб боздид ба амал оварда, дар расми ифтитоҳи биною иншооти нави ин маҷмааи варзишию сайёҳӣ иштирок намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон марҳилаи дуюми ин маҷмааи нодири варзишию сайёҳиро, ки аз биною иншооти дуошёнаи тарабхона, маҷлисгоҳ, нуқтаи иҷораи лавозимоти лижаронӣ, майдончаҳои дорои воситаҳои муосири дилхушкунанда барои бозиҳои зимистонаи кӯдакона, майдони бузурги бозиҳои конкию хоккей ва иншооти роҳи танобӣ иборат мебошад, ба истифода дод.

Майдони бозиҳои рӯйи ях дар таърихи навини варзиши Тоҷикистон таҷрибаи нахустин буда, имконият фароҳам меовард, ки дар оянда ин намуди бозиҳои зимистона дар мамлакат ба варзиши оммавӣ табдил дода шавад. Дар маҷмӯъ иншооти хизматрасонӣ ва толору майдонҳои варзишӣ дар масоҳати 60 гектар ҷойгир буда, шароити қабули то 1000 нафарро дар як вақт доро мебошанд.

Дар ин маҷмаа баъди таъмиру навсозӣ ду роҳи танобӣ дар масофаи зиёда аз 2000 метр мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, ки 140 адад воситаи болобарандаи одамон (бугел) доранд. Роҳҳои танобӣ бо воситаҳои муосири равшанидиҳӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, барои баргузории машғулиятҳои ин намуди варзиш шабонгоҳ ҳам созгор мебошанд.

Ғайр аз ин, аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сафед-Дара» дар заминаи ҳамкорӣ бо ширкатҳои бонуфузи Австрия дар масофаи 2027 метр «Роҳи арғамчинии босуръати кабинавӣ» сохта ба истифода дода шудааст, ки 32 адад таҷҳизоти ҳаракаткунанда (кабина) дорад ва дар ҳар кадоме аз ин таҷҳизот то 8 нафар метавонад ҷойгир шаванд.

Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми соҳибкорони ватандӯст дар ободу зебо гардонидани ин мавзеи дорои табиати нотакрори диёр баҳои баланд дода, аз масъулини соҳа талаб намуд, ки барои дар ҳолати хуби корӣ нигоҳ доштани ин мавзеи навбунёд, ҷалби бештари доираи сайёҳону меҳмонон ва тарғибу ташфиқи намудҳои варзиши зимистона дар байни аҳолии мамлакат бештар мусоидат намоянд.

Хотиррасон мешавад, ки соли равон Эмомалӣ Раҳмон маротибаи дуюм аст, ки аз ин мавзеи варзишию сайёҳӣ боздид ба амал оварда дар расми ифтитоҳи биною иншооти нави он бевосита иштирок менамояд.

Дар навбати аввал дар ин маҷмаа меҳмонхонаҳои барҳавои замонавӣ, нуқтаи нигоҳдории барфгардҳо, тарабхона, марказҳои савдо ва иҷораи лавозимоти варзишию барфбозӣ, майдонҳои лижаронию барфгардӣ, роҳҳои танобӣ ва мактаби махсуси кӯдакону наврасон оид ба намудҳои варзиши зимистона сохта мавриди истифода қарор дода шуда буданд.Қобили зикр аст, ки баробари фаъол гардидани кори Маҷмааи кӯҳию варзишӣ Ассотсиатсияи миллии намудҳои зимистонаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон дубора эҳё гардида аллакай дар баргузории мусобиқаҳои ноҳиявию ҷумҳуриявӣ аз рӯи намудҳои варзиши зимистона дар ин маҷмаа саҳм гузоштааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...