Вазорати молия: Ба пардохтпазирии Тоҷикистон шубҳае нест

Вазорати молия тавсия медиҳад, ки дар мавриди баргардонидани қарзҳои хориҷӣ аз ҷониби Тоҷикистон ва пардохтпазирии ҷумҳурӣ набояд шакку шубҳа ё ташвише ҷой дошта бошад. Зимни кори мизи гирд дар мавзӯи «Буҷети давлатии соли 2017» сардори шуъбаи макроиқтисодӣ ва омори молиявии Вазорати молияи ҶТ Муаззама Назриева дар ин робита изҳор намуд, ки ҳукумати Тоҷикистон мутобиқи созишномаҳои […]

Asia-Plus

Вазорати молия тавсия медиҳад, ки дар мавриди баргардонидани қарзҳои хориҷӣ аз ҷониби Тоҷикистон ва пардохтпазирии ҷумҳурӣ набояд шакку шубҳа ё ташвише ҷой дошта бошад.

Зимни кори мизи гирд дар мавзӯи «Буҷети давлатии соли 2017» сардори шуъбаи макроиқтисодӣ ва омори молиявии Вазорати молияи ҶТ Муаззама Назриева дар ин робита изҳор намуд, ки ҳукумати Тоҷикистон мутобиқи созишномаҳои қарзӣ, марҳила ба марҳила ва саривақт қарзҳои хориҷиашро пардохт мекунад.

Ба гуфтаи ӯ, дар муносибатҳои иқтисодии хориҷии замони муосир аз қарзҳо ба сифати сарчашма тамоми давлатҳо истифода карда, пеш аз қарздиҳӣ қарздиҳандагон ҳамаҷониба сатҳи пардохтпазирии кишварҳоро меомӯзанд. «Агар Тоҷикистон пардохтпазир намебуд, ба ӯ қарз намедоданд», – гуфт ӯ.

Мизони ҳозираи қарзи хориҷии кишварро намояндаи Вазорати молияи муътадил арзёбӣ кард. «Таносуби ҳаҷми қарзи хориҷии Тоҷикистон ба ММД соли 2016 – 33% ва лимити сатҳи муқарраршуда, ки набояд аз он гузашт, 40%-ро ташкил медиҳад», – афзуд Назриева.

Бино ба маълумоти Вазорати молияи ҷумҳурӣ, ҳаҷми қарзи хориҷии Тоҷикистон ба аввали моҳи октябри соли равон қариб 2,3 млрд. доллари ИМА-ро ташкил дода, аз оғози соли равон (аввали соли 2016 – ҳудуди 2 млрд. 182 млн. $) ба миқдори 118 млн. доллари ИМА афзудааст.

Дар сохтори қарзи берунаи ҷумҳурӣ беш аз 2,1 млрд. доллари ИМА ба қарзи бевоситаи давлатӣ рост меояд, ки иҷрои хизматрасониҳои ҳукумати кишварро таъмин мекунад.

Қарздиҳандаи асосӣ ба Тоҷикистон Чин мебошад, ки Тоҷикистон аз ин кишвар дар маҷмӯъ қариб 1,2 млрд. доллари ИМА қарздор буда, ин нишондиҳанда аз ҳаҷми умумии қарзи хориҷӣ беш аз 52%-ро ташкил медиҳад.

Ҳаҷми қарзҳои гирифтаи Тоҷикистон Бонки ҷаҳонӣ – ҳудуди 305 млн. доллари ИМА, аз Бонки осиёгии рушд – 262 млн. доллари ИМА ва аз Бонки исломии рушд – 108 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Дар Буҷети давлатии соли 2017 барои хизматгузорӣ ба пардохти қарзи хориҷӣ ҷудо кардани ҳудуди 1,1 млрд. сомонӣ (қариб 140 млн. $) пешбинӣ шуда, ҳамзамон азхудкунии беш аз 1,7 млрд. сомонӣ (беш аз 215 млн. $) қарзҳои хориҷӣ дар назар аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 69

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон аз 1 кас дар як рӯз қариб ним кг партови сахт ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.