Эрдуғон эътилоф зери раҳбарии ИМА-ро ба дастгирии тундравон айбдор кард

Раҷаб Эрдуғон, президенти Туркия эътилофи байналмилалии зери раҳбарии Иёлоти Муттаҳидаро ба пуштибонӣ аз тундравон дар Ховари Миёна айбдор кард. Бино ба иттилои сомонаи Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба хабаргузории Reuters, президенти Туркия гуфтааст, Анқара ҳатто дар ин бора далел низ дорад. "Акс ва наворҳое ҳастанд, ки кумаки эътилоф ба тундравонро тасдиқ мекунанд", – […]

Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ

Раҷаб Эрдуғон, президенти Туркия эътилофи байналмилалии зери раҳбарии Иёлоти Муттаҳидаро ба пуштибонӣ аз тундравон дар Ховари Миёна айбдор кард.

Бино ба иттилои сомонаи Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба хабаргузории Reuters, президенти Туркия гуфтааст, Анқара ҳатто дар ин бора далел низ дорад. "Акс ва наворҳое ҳастанд, ки кумаки эътилоф ба тундравонро тасдиқ мекунанд", – изҳор доштааст президенти Туркия.

Эрдуғон зикр кардааст, ки эътилоф дар мубориза бо ифротгароёни Ховари Миёна, аз ҷумла созмони террористии "Давлати исломӣ" масъулиятҳояшро иҷро намекунад.

Ҷанги шаҳрвандӣ дар Сурия аз марти соли 2011 ба ин сӯ идома дошта, нерӯҳои ҳукуматӣ бо гуруҳҳои мусаллаҳи мухолиф меҷанганд. Эътилофи байналмилалӣ ба раҳбарии ИМА зидди ДИ ва артиши Туркия дар шимоли Сурия бо гуруҳҳои курд мубориза мебаранд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.