Коркарди технологияи гирифтани алюминий аз гилхоки Дарвоз

Asia-Plus

Геологҳои тоҷик технологияи гирифтани гилхок аз маъдани мусковитии кони Курговад дар ноҳияи Дарвозро коркард намуданд.

Ба гуфтаи раиси Кумитаи энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсияи палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Садриддин Шарипов, бо мақсади гирифтани ашёи хоми аввалия барои истеҳсоли алюминий аз маъданҳои кони Курговад мутахассисони Саридораи геологияи назди ҳукумат таҳқиқот гузаронидаанд.

«Дар натиҷа аз ин маъданҳо оксиди алюминий гирифта шуда, тарҳи технологии ҷудо шудани алюимний таҳия шуд», – гуфтааст Шарипов рӯзи душанбеи ҳамин ҳафта дар музокироти кушоди парлумонӣ.

Дар маҷмӯъ, зикр кардааст ӯ, бо мақсади иҷрои ин самт корҳои ҷустуҷуи ашёи алюминийдор дар Помири Ғарбӣ (ноҳияи Дарвоз) дар се минтақаи алоҳида (Бодомдара, Зонг ва Курговат) гузаронида шуданд.

– Аз ин минтақаҳо минтақаи Курговат ояндадор ҳисобида шуда, қабатҳои варақсангҳои кварс-мусковитдор байни дарёҳои Удуга ва Пошхарв ҷойгир шудаанд. Файзнокии мусковит 50 — 60%, кварс 20 — 25%, ставролит 20 — 25% — ро ташкил медиҳад. Захираҳои пешгуфтаи окиси алюминий бо категорияи P1 — 1 558 639 335 тонн ҳисоби шудааст, – иброз доштааст вакили парлумон.

Шарипов бар ин назар аст, ки минбаъд нархҳои ҷаҳонӣ ба гилхок боло мераванд. «Бокситҳои баландсифат (ашё барои истеҳсоли гилхок) дар давлатҳои Австралия, Гвинея, Бразилия (71,2% истихроҷи бокситҳо дар ҷаҳон) ва Ямайка, Суринам, Гайана (15,5% истеҳсол карда мешаванд, ки дастрас карданаш барои Тоҷикистон душвориҳо дорад. Аз ин рӯ, имрӯз тақозои замон аст, ки дар Тоҷикистон маъдани хокаи алюминийдор омӯзиш, кашф ва мавриди истифода қарор дода шавад», – қайд кардааст ӯ.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...