Хушнудии Тоҷикистон аз ташаббуси Ӯзбекистон дар мавриди барқарорсозии хатсайрҳои ҳавоӣ

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, муовини сарвазири Ӯзбекистон, ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ Рустам Азимовро ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон бори дигар роҳбарият ва мардуми ин кишвари дӯст ва ҳамсояи наздикро барои дар сатҳи баланд баргузор шудани Интихоботи Президенти Ӯзбекистон самимона шодбош гуфта, ташрифи […]

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, муовини сарвазири Ӯзбекистон, ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ Рустам Азимовро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон бори дигар роҳбарият ва мардуми ин кишвари дӯст ва ҳамсояи наздикро барои дар сатҳи баланд баргузор шудани Интихоботи Президенти Ӯзбекистон самимона шодбош гуфта, ташрифи ҳайати расмии ҳукуматии ин давлатро ба Тоҷикистон иқдоми муҳим дар рушду тавсеи бештари муносибатҳои байнидавлатӣ арзёбӣ намуд.

– Тоҷикистон аз ташаббуси ҷониби Ӯзбекистон дар мавриди барқарорсозии хатсайрҳои ҳавоӣ байни ду давлат ба хушнудӣ истиқбол менамояд, – изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон ва афзуд, ки кишвари мо хостгори дар оянда беҳтар гардонидани муносибат дар масъалаҳои барқарорсозии қитъаҳои роҳи оҳан, паст кардани тарифҳои ҳамлу нақл тавассути роҳи оҳан, ба роҳ мондани содироту воридоти дубораи нерӯи барқ, тавсеаи ҳамкориҳо дар бахши кишоварзӣ, бекор кардан ё содда гардонидани низоми раводидии рафтуомади шаҳрвандон ва ҳалли масъалаҳои марзӣ мебошад.

Ҷонибҳо атрофи вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи тиҷоратию иқтисодӣ, роҳу нақлиёт, обу энергетикӣ, ҳифзи сарҳад ва фарҳангӣ табодули афкор намуда, барои бартарафсозии шарту шароитҳои монеасози рушди робитаҳо дар ин соҳаҳо фикру мулоҳизаҳои судманд баён доштанд.

Тавре таъкид гардид, пояи қарордодию ҳуқуқии муносибатҳои байнидавлатӣ беш аз сад санади ҳамкориро дар бар мегирад, ки татбиқи амалии онҳо барои ҳар ду кишвар аз ҳар ҷиҳат манфиатовар хоҳад буд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки дар доираи кори Комиссияи байниҳукуматии кишварҳо масъалаҳои муҳиму рӯзмарра баррасӣ шуда барои дарёфти роҳу усулҳои нави рушду тавсеаи бештари муносибатҳои байнидавлатӣ иқдомҳои муассир пеш гирифта мешавад.

Дар мулоқот ҳамчунин доир ба масоили марбут ба вазъи сиёсию низомии минтақа ва ҷаҳон, тақвияти ҳамкорӣ дар мубориза бар зидди терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ изҳори назар карда шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 69

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон аз 1 кас дар як рӯз қариб ним кг партови сахт ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.