Коркарди технологияи гирифтани алюминий аз гилхоки Дарвоз

Геологҳои тоҷик технологияи гирифтани гилхок аз маъдани мусковитии кони Курговад дар ноҳияи Дарвозро коркард намуданд. Ба гуфтаи раиси Кумитаи энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсияи палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Садриддин Шарипов, бо мақсади гирифтани ашёи хоми аввалия барои истеҳсоли алюминий аз маъданҳои кони Курговад мутахассисони Саридораи геологияи назди ҳукумат таҳқиқот гузаронидаанд. «Дар натиҷа аз ин маъданҳо […]

Геологҳои тоҷик технологияи гирифтани гилхок аз маъдани мусковитии кони Курговад дар ноҳияи Дарвозро коркард намуданд.

Ба гуфтаи раиси Кумитаи энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсияи палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Садриддин Шарипов, бо мақсади гирифтани ашёи хоми аввалия барои истеҳсоли алюминий аз маъданҳои кони Курговад мутахассисони Саридораи геологияи назди ҳукумат таҳқиқот гузаронидаанд.

«Дар натиҷа аз ин маъданҳо оксиди алюминий гирифта шуда, тарҳи технологии ҷудо шудани алюимний таҳия шуд», – гуфтааст Шарипов рӯзи душанбеи ҳамин ҳафта дар музокироти кушоди парлумонӣ.

Дар маҷмӯъ, зикр кардааст ӯ, бо мақсади иҷрои ин самт корҳои ҷустуҷуи ашёи алюминийдор дар Помири Ғарбӣ (ноҳияи Дарвоз) дар се минтақаи алоҳида (Бодомдара, Зонг ва Курговат) гузаронида шуданд.

– Аз ин минтақаҳо минтақаи Курговат ояндадор ҳисобида шуда, қабатҳои варақсангҳои кварс-мусковитдор байни дарёҳои Удуга ва Пошхарв ҷойгир шудаанд. Файзнокии мусковит 50 — 60%, кварс 20 — 25%, ставролит 20 — 25% — ро ташкил медиҳад. Захираҳои пешгуфтаи окиси алюминий бо категорияи P1 — 1 558 639 335 тонн ҳисоби шудааст, – иброз доштааст вакили парлумон.

Шарипов бар ин назар аст, ки минбаъд нархҳои ҷаҳонӣ ба гилхок боло мераванд. «Бокситҳои баландсифат (ашё барои истеҳсоли гилхок) дар давлатҳои Австралия, Гвинея, Бразилия (71,2% истихроҷи бокситҳо дар ҷаҳон) ва Ямайка, Суринам, Гайана (15,5% истеҳсол карда мешаванд, ки дастрас карданаш барои Тоҷикистон душвориҳо дорад. Аз ин рӯ, имрӯз тақозои замон аст, ки дар Тоҷикистон маъдани хокаи алюминийдор омӯзиш, кашф ва мавриди истифода қарор дода шавад», – қайд кардааст ӯ.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.