Вазорати молия: Ба пардохтпазирии Тоҷикистон шубҳае нест

Asia-Plus

Вазорати молия тавсия медиҳад, ки дар мавриди баргардонидани қарзҳои хориҷӣ аз ҷониби Тоҷикистон ва пардохтпазирии ҷумҳурӣ набояд шакку шубҳа ё ташвише ҷой дошта бошад.

Зимни кори мизи гирд дар мавзӯи «Буҷети давлатии соли 2017» сардори шуъбаи макроиқтисодӣ ва омори молиявии Вазорати молияи ҶТ Муаззама Назриева дар ин робита изҳор намуд, ки ҳукумати Тоҷикистон мутобиқи созишномаҳои қарзӣ, марҳила ба марҳила ва саривақт қарзҳои хориҷиашро пардохт мекунад.

Ба гуфтаи ӯ, дар муносибатҳои иқтисодии хориҷии замони муосир аз қарзҳо ба сифати сарчашма тамоми давлатҳо истифода карда, пеш аз қарздиҳӣ қарздиҳандагон ҳамаҷониба сатҳи пардохтпазирии кишварҳоро меомӯзанд. «Агар Тоҷикистон пардохтпазир намебуд, ба ӯ қарз намедоданд», – гуфт ӯ.

Мизони ҳозираи қарзи хориҷии кишварро намояндаи Вазорати молияи муътадил арзёбӣ кард. «Таносуби ҳаҷми қарзи хориҷии Тоҷикистон ба ММД соли 2016 – 33% ва лимити сатҳи муқарраршуда, ки набояд аз он гузашт, 40%-ро ташкил медиҳад», – афзуд Назриева.

Бино ба маълумоти Вазорати молияи ҷумҳурӣ, ҳаҷми қарзи хориҷии Тоҷикистон ба аввали моҳи октябри соли равон қариб 2,3 млрд. доллари ИМА-ро ташкил дода, аз оғози соли равон (аввали соли 2016 – ҳудуди 2 млрд. 182 млн. $) ба миқдори 118 млн. доллари ИМА афзудааст.

Дар сохтори қарзи берунаи ҷумҳурӣ беш аз 2,1 млрд. доллари ИМА ба қарзи бевоситаи давлатӣ рост меояд, ки иҷрои хизматрасониҳои ҳукумати кишварро таъмин мекунад.

Қарздиҳандаи асосӣ ба Тоҷикистон Чин мебошад, ки Тоҷикистон аз ин кишвар дар маҷмӯъ қариб 1,2 млрд. доллари ИМА қарздор буда, ин нишондиҳанда аз ҳаҷми умумии қарзи хориҷӣ беш аз 52%-ро ташкил медиҳад.

Ҳаҷми қарзҳои гирифтаи Тоҷикистон Бонки ҷаҳонӣ – ҳудуди 305 млн. доллари ИМА, аз Бонки осиёгии рушд – 262 млн. доллари ИМА ва аз Бонки исломии рушд – 108 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Дар Буҷети давлатии соли 2017 барои хизматгузорӣ ба пардохти қарзи хориҷӣ ҷудо кардани ҳудуди 1,1 млрд. сомонӣ (қариб 140 млн. $) пешбинӣ шуда, ҳамзамон азхудкунии беш аз 1,7 млрд. сомонӣ (беш аз 215 млн. $) қарзҳои хориҷӣ дар назар аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...