Тақдири пули 1000 сомонӣ бо расми Эмомалӣ Раҳмон чӣ мешавад?

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Вакил маълумоти чанде аз васоити ахбори умум дар бораи аз ҷониби парлумон ба Бонки миллӣ фиристодани пешниҳоди бархе аз сокинони кишвар ҷиҳати ба муомилот баровардани пули миллии арзишаш 1 ҳазор сомонӣ бо расми президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро рад кард.

Раиси Кумитаи иқтисоду молияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Сафаралӣ Раҷабов ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки палатаи поёнии парлумон барои ба муомилот баровардани пулҳои нав ва арзишашон зиёдтар ваколат надорад ва ин масъаларо расман баррасӣ накардааст.

«Вале мо огаҳем, ки ин масъала аз ҷониби Бонки миллӣ мавриди омӯзиш қарор гирифтааст ва пули миллии арзишаш 1 ҳазор сомонӣ бо расми Эмомалӣ Раҳмон ва тасвири Кохи миллат дар муомилот пайдо шуда метавонад», – илова кард вакил.

Директори филиали КВД «Тоҷиксуғурта» дар ноҳияи Шаҳринав дар як маводи интишоршудааш дар ҳафтавори «Тоҷикистон» пешниҳод карда буд, ки бо назардошти хизматҳои шоёни Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои кишвару мардуми он, расми ӯ дар пули 1000 сомонӣ гузошта шавад.

Маълумотнома

30-юми октябри соли 2000-ум дар Тоҷикистон пули миллӣ – «сомонӣ» ба муомилот бароварда шуда буд.

Номи он ба ифтихори бунёдгузори нахустин давлати мутамаркази тоҷикон Исмоили Сомонӣ (849-907) номгузорӣ шуда буд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пули миллӣ — сомонӣ дар қатори Парчаму Нишон ва Суруди миллӣ аз муқаддасоти миллӣ ва аз нишонаҳои асосии давлатдорӣ ба ҳисоб меравад.

Дар Тоҷикистон дар солҳои истиқлолияти давлатӣ ду маротиба пулӣ милль иваз шудааст. Бори якум 10-уми майи соли 1995 дар ҳудуди кишвар рубли тоҷикӣ бо арзиши 1, 5, 10, 20, 50, 100, 200, 500, 1000 рубл ба муомилот баромада буд.

Ин аввалин қадами Тоҷикистони соҳибистиқлол дар роҳи ислоҳоти пулӣ ва ташкили низоми ягона ва мустақили пулӣ буд.

Бори дуюм соли 2000-ум, тавре дар боло зикраш рафт, пули нави миллӣ – «сомонӣ» эҷод шуд, ки то кунун мавриди муомилот царор дорад.

«Сомонӣ» соли 1999 бо дастури Бонки миллии Тоҷикистон дар ширкати «Giesecke & Devrient GmBx»-и Олмон, дар Аврупо чоп шудааст.

26-уми октябри соли 2000 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси аз 30 октябри соли 2000 ба муомилот баровардани воҳиди нави пули миллии кишвар-«сомонӣ», ки ба ифтихори асосгузори аввалин давлати мутамаркази тоҷикон Исмоили Сомонӣ номгузорӣ шудааст, ба имзо расид ва пулҳои коғазӣ бо арзиши 1, 5, 10, 20, 50, 100 сомонӣ ва воҳиди хурди он бо арзиши 1, 5, 20, 50 дирам ба муомилот бароварда шуданд.

Аз 3-юми сентябри соли 2001 ҳамчунин тангаҳои филизӣ бо арзиши 1, 3, 5 сомонӣ ва 5, 10, 20, 25, 50 дирам ба муомилот баромааданд.

Соли 2010 Бонки миллии Тоҷикистон «сомонӣ»- ҳои пулҳои арзишашон 3, 200 ва 500 сомониро ба муомилот баровард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...