Оғози ҳисоббаробарии «Тоҷиксодиротбонк» бо саҳҳомон

Раёсати ҶСК "Тоҷиксодиротбонк" бо мақсади амалисозии чорабиниҳо оид ба солимгардонии фаъолияти Бонк аз 3 январи соли 2017 бо пешниҳоди тарофаҳои нав шартномаҳои амонатии муштариёнро бо шартҳои нав ба расмият медарорад. Бино ба маълумоти дар ин робита интишоршуда дар сомонаи бонк,  ба расмият даровардани шартномаҳо бо шартҳои нав аз 3 январи соли 2017 дар бинои Сарбонк […]

Раёсати ҶСК "Тоҷиксодиротбонк" бо мақсади амалисозии чорабиниҳо оид ба солимгардонии фаъолияти Бонк аз 3 январи соли 2017 бо пешниҳоди тарофаҳои нав шартномаҳои амонатии муштариёнро бо шартҳои нав ба расмият медарорад.

Бино ба маълумоти дар ин робита интишоршуда дар сомонаи бонк,  ба расмият даровардани шартномаҳо бо шартҳои нав аз 3 январи соли 2017 дар бинои Сарбонк ва ҳамаи филиалҳои Тоҷиксодиротбонк ба амал бароварда мешавад.

Гуфта мешавад, бинобар ин, муштариёнро лозим меояд, ки барои ба расмият даровардани шартномаҳои амонатии худ бо шартҳои нав ба Сарбонк ва филиалҳои Бонк дар ҷои хизматрасониашон муроҷиат намоянд.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз бонки мазкур хабар доданд, мувофиқи нақшаи қабулшудаи солимгардонӣ, бонк тибқи ҷадвали муқарраршуда ба баргардонидани воситаҳои амонатии мизоҷонаш шурӯъ карда, ҳар як мизоҷ ба суҳбати инфиродӣ даъват мешавад, ки дар ҷараёни он баррасии масъалаи дароз кардани муҳлати амонат ё баргардонидани он дар назар аст.

Саҳҳомоне, ки хоҳиши баргардонидани воситаҳои худро доранд, ҳар моҳ қисм-қисм маблағи муайяни саҳмҳои худро гирифта метавонанд.

Айни замон ҳар як мизоҷ дар як моҳ аз 50 то 200 доллар гирифта метавонад. Бо назардошти ворид гардидани маблағи дастгирӣ аз ҷониби ҳукумат, ҳаҷми пардохт метавонанад зиёд карда шавад. Бо чанде аз саҳмдорони бузург бонк ба пардохт аз ҳисоби амволи худӣ ва ба гарав гузошташуда шурӯъ намуд.

Аз аввали даҳаи охири моҳи декабри соли 2016 «Тоҷиксодиротбонк» эълом дошт, ки аз 19 декабри соли равон банкоматҳои ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» дар саросари кишвар фаъол гардида, хизматрасонии дорандагони кортҳои пардохтии Бонк шурӯъ мегардад.

Ёдрас мекунем, ки аз оғози соли равон «Тоҷиксодиротбонк» ба мушкили камбуди воситаҳои молӣ дучор шуда, хизматгузориҳо ба муштариёни худро пурра анҷом дода наметавонад.

Қобили зикр аст, ки дар ин робита 18 майи соли равон  дар «Тоҷиксодиротбонк» маъмурияти муваққатӣ таъин шуда, онро Мирҳаёт Ёқубов роҳбарӣ мекард, ки моҳи сентябр ҳатто аз мансаби худ дар Бонки миллӣ – муовини роҳбари деапртаменти захираҳои байнулмилалии БМТ даст кашида буд.

Ёдрас мекунем, ки Бонки миллӣ Тоҷиддин Пирзодаро ба раёсати «Тоҷиксодиротбонк» баргардонида,  раҳбарияти бонк ӯҳдадор карда шуд, ки дар муҳлати то як моҳ аз рӯзи қабули қарори мазкур нақшаи беҳбудии вазъи молиявии бонкро ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.