Ҳабси 12 нафар дар робита ба қазияи ҳамла дар Истанбул

Мақомоти пулиси Туркия ба гумони даст доштан дар ҳамла ба яке аз клубҳои шабона дар шаҳри Истанбул шаби Соли нави мелодӣ 12 нафарро ба ҳабс гирифта, ҷустуҷӯи ҳамлагар идома дорад. Муовини нахуствазири Туркия Нуман Куртулмуш дар ин робита изҳор намудааст, ки мақомоти пулис изи ангуштон ва тасвири ҳамлагарро дар даст дошта, ояндаи наздик шахсияти ӯ […]

Бахши русии Би-Би-Си

Мақомоти пулиси Туркия ба гумони даст доштан дар ҳамла ба яке аз клубҳои шабона дар шаҳри Истанбул шаби Соли нави мелодӣ 12 нафарро ба ҳабс гирифта, ҷустуҷӯи ҳамлагар идома дорад.

Муовини нахуствазири Туркия Нуман Куртулмуш дар ин робита изҳор намудааст, ки мақомоти пулис изи ангуштон ва тасвири ҳамлагарро дар даст дошта, ояндаи наздик шахсияти ӯ маълум хоҳад шуд.

«Мо натанҳо дарёфти террористро интизорӣ дорем, балки ҳамчунин маълум карданием, ки ӯ бо чӣ касоне робита дошту дар ин амал ӯро ҳам дар дохил ва ҳам дар беруни клуб киҳо дастгирӣ кардаанд», – гуфтааст Куртулмуш.

Ёдрас мекунем, ки шаби 1 январ як шахси номаълум дар яке клубҳои шабонаи шаҳри Истанбул ба тирпарронӣ пардохта, бар асари он 39 нафар ҳалок ва наздик 70 нафар бошандагони клуб ҷароҳат бардоштанд.

Пулиси Туркия акс ва навори видеоии ба ақидаи онҳо ҳамлагарро нашр намуда, васоити ахбори умуми туркӣ бо истинод ба сарчашмаҳои худ дар мақомоти пулис иттилоъ медиҳанд, ки аз эҳтимол дур нест, ки шахси ҳамлагар аз Ӯзбекистон ё Қирғизистон бошад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.