Болоравии нархи харҳо дар Тоҷикистон

Asia-Plus

Дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон соҳибкорону тоҷироне пайдо шудаанд, ки харҳоро яклухт харидорӣ намуда, гӯшт ва пӯсти онҳоро ба Чин мефиристанд.

Нархи харҳо дар Тоҷикистон чандин маротиба боло рафтаанд: агар аввали моҳ як хари корӣ ба ҳисоби миёна аз 100 то 200 сомонӣ нарх дошт, пас имрӯз соҳибонашон барои онҳо 4-5 маротиба зиёдтар нарх гузоштаанд.

Яке аз сокинони деҳаи доманакӯҳ хабр додааст, ки миёнаравон сарфи назар аз синну сол ва ҳолат, ҳама гуна харҳоро харида, ҳатто аз харҳои пир ҳам рӯ намегардонанд.

Шабона онҳоро ба автомашинаҳо бор карда, ба самти Душанбе мебаранд, вале ба куҷову бо кадом мақсад маълум нест ва айни замон дар мавзеҳои наздики онҳо ягон хари бесоҳиб намондааст.

Аҳолӣ бар ин назар аст, ки онҳоро мекушанд, вале бархе ин ақидаро рад карда, изҳор мекунанд, ки агар гӯшташ лозим мебуд, харҳои калонҷуссаву фарбеҳро мехариданд. Ба андешаи онҳо, харҳо барои пӯсташон харидорӣ мешаванд. Аз эҳтимол дур нест, ки гӯшт ва пӯсти харҳо ба Чин фиристода мешаванд.

Радиои Озодӣ дар ин робита менависад, дар кишварҳои ҳамсояи Афғонистону Ӯзбекистон ва Эрон низ чунин ҳолат ба мушоҳида расида, чанде пеш рӯзномаи бритониёии Guardian аз бозори талабот барои хар дар Чин парда бардошт.

Гуфта мешавад, чиниҳо аз солҳо ба ин тараф харҳои дунёро мехаранд. Паз аз он, ки бархе аз кишварҳои африқоӣ фурӯши харро ба таври қонунӣ манъ карданд, чиниҳо барои хариди харҳо ба бозорҳои нав дар Осиёи Миёна рӯй оварданд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Трамп отложил еще на 10 дней удары по иранским электростанциям

А Пезешкиан заявил, что Путин вдохновляет Иран в этой войне

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...