Минтақаҳо шабонарӯзӣ 17 соат барқ мегиранд

Asia-Plus

Шурӯъ аз имрӯз сокинони минтақаҳои Тоҷикистон рӯзона бидуни маҳдудият бо нерӯи барқ таъмин карда мешаванд. То ин замон интиқоли барқ ба минтақаҳои деҳоти кишвар аз соати 11:00 то 16:00 қатъ мегардид.

«Мувофиқи ҷадвали нави чанде қабл қабулшуда минтақаҳо аз имрӯз муддати 17 соат – аз соати 05:00-и субҳ то 22:00-и шаб бо нерӯи барқ таъмин карда мешаванд, – гуфт ба «Азия-Плюс» дар ин робита сардори хадамоти матбуоти ширкати «Барқи тоҷик» Нозир Ёдгорӣ. – Ин имкон ба туфайли мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии Душанбе фароҳам шуд».

Намояндаи ширкати «Барқи тоҷик» зикр кард, ки баъди мавриди истифода қарор гирифтани навбати дуюми ин Марказ иқтидори он то 400 МВт афзуд, ки акнун барои истеҳсоли то 9,6 кВт/соат нерӯи барқ дар як шабонарӯз имкон дода, ғайр аз ин, дар Марказ боз шабонарӯзӣ 235 гигакалорий гармӣ низ истеҳсол мешавад.

«Давоми моҳ Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 тадриҷан ба иқтидори лоиҳавӣ баромада, мутаносибан мо ҳам интиқоли барқ ба аҳолӣ дар минтақаҳои деҳотро зиёд кардем, – иброз дошт ӯ. – Ҳамчунин ёдрас карданиам, ки баъди ба истифода додани навбати дуюми Марказ, интиқоли барқ нахуст се соат ва нимаи моҳи декбар боз як соати дигар зиёд карда шуда буд».

Ёдрас мекунем, ки реҷаи маҳдуди истифодаи барқ дар Тоҷикистон расман аз 1 ноябри соли равон ҷорӣ гардида, он танҳо ба пойтахт ва шаҳрҳои бузурги ҷумҳурӣ дахл надошт.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...