Эрон замони раҳбарии Рафсанҷонӣ нахустин шуда соҳибистиқлолии Тоҷикистонро шинохта буд

Asia-Plus

Сиёсатмадори шинохта, собиқ президенти Эрон Алӣ Акбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ дар синни 83-солагӣ дар шаҳри Теҳрон аз олам даргузашт. Замони раҳбарии Рафсанҷонӣ Эрон яке аз аввалинҳо шуда соҳибистиқлолии Тоҷикистонро эътироф карда буд.

Бино ба иттилои хабаргузории Иран.ру, дар ин робита ҳукумати Эрон се рӯз мотам эълон карда, маросими видоъ бо ин сиёсатмадори маъруф  дар Теҳрон ва Қум доир гардида, ӯ дар шаҳри Қум ба хок супурда мешавад.

Сиёсатшиноси тоҷик Шокирҷон Ҳакимов хотиррасон намуд, ки маҳз замони раҳбарии Рафсанҷонӣ Эрон яке аз нахустинҳо шуда истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро эътироф ва дар ҷумҳурӣ намояндагии дипломатии худро боз намуд.

«Дар он солҳо маҳз ба туфайли сиёсати Рафсанҷонӣ нахустин сармоягузориҳои Эрон ба иқтисоди Тоҷикистон равона гардиданд. Собиқ президенти Эрон ва сиёсати роҳандозикардаи ӯ мардуми ҳарду кишварро, ки решаҳои ягона дошта, бар асари сиёсати болшевикӣ аз ҳам ҷудо гардида буданд, ба ҳам наздик кард», – гуфт Ҳакимов.

Нуралии Давлат, таърихнигори тоҷик, рӯзи 8 январ ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ҳанӯз баҳори соли 1992 бояд сафари нахустини Рафсанҷонӣ ба Тоҷикистон анҷом мешуд, ки сурат нагирифт. "Фикр мекунам, сабаби аслӣ ин буд, ки ҳайати Эрон бо даъвати шаҳрдори собиқи Душанбе Мақсуд Икромов бояд дар ҷашни Наврӯзи соли 1992 иштирок мекарданд. Вале замони сафари онҳо Икромов аллакай боздошт шуда буд ва ҳайати баландрутба иҷозаи фуруд ба Душанберо нагирифтанд", – иброз доштааст ӯ.

Аммо баъдан, ба қавли Нуралии Давлат, вақте музокироти сулҳи миёни ҷонибҳои даргир дар Тоҷикистон шурӯъ шуд, "Рафсанҷонӣ ва ҳукумати Эрон ҳамроҳи Русия талоши зиёд карданд, ки сулҳ дар Тоҷикистон барқарор шавад. Ба ҳамин хотир, дар моҳи майи соли 1997, пеш аз имзои Созишномаи сулҳ дар Маскав, ӯ ба Тоҷикистон омад".

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба даргузашти Алӣ Акбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Доктор Ҳасани Рӯҳонӣ барқияи тасаллият ирсол намуда, ба мардуми дӯсти Эрон ҳамдардиву тасаллияти амиқ изҳор намуд ва барои пайвандон ва наздикони марҳум сабри ҷамил хост.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.

Доми қарз. Чӣ гуна дар Тоҷикистон метавон қарз гирифт ва баъд пушаймон нашуд?

Шарҳ медиҳем, ки шумо ба чӣ гуна хавфҳо дучор шуда метавонед ва бароятон ҷиҳати огоҳона қарор қабул кардан дар ин бора тавсияҳои одӣ медиҳем.