Санаи баргузории анҷумани навбатии ХСДТ муайян шуд

Дар анҷумани навбатии Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон (ҲСДТ), ки моҳи марти соли равон доир мегардад, раҳбарияти нави ҳизб интихоб хоҳад шуд. Шӯрои сиёсии ҳизб рӯзи 7 январ дар бораи санаи 18 марти соли 2017 баргузор намудани анҷумани навбатии 13-уми ҳисоботӣ-интихоботии ҲСДТ қарор қабул кард. Раиси ҲСДТ Раҳматилло Зойиров ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Дар анҷумани навбатии Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон (ҲСДТ), ки моҳи марти соли равон доир мегардад, раҳбарияти нави ҳизб интихоб хоҳад шуд.

Шӯрои сиёсии ҳизб рӯзи 7 январ дар бораи санаи 18 марти соли 2017 баргузор намудани анҷумани навбатии 13-уми ҳисоботӣ-интихоботии ҲСДТ қарор қабул кард.

Раиси ҲСДТ Раҳматилло Зойиров ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки моҳи феврал дар тамоми бахшҳои минтақавии ҳизб конфронсҳо гузаронида шуда, вакилони анҷумани навбатии ҳизб интихоб карда мешаванд.

Ба гуфтаи ӯ, дар анҷумани навбатӣ сиёсати ҳизб барои солҳои наздик баррасӣ шуда, ҳайати нави раҳбарияти ҲСДТ интихоб мешавад.

Ба саволи «Азия-Плюс» дар бораи бори навбатӣ ба мансаби раиси ҳизб номзадии худро гузоштан, Раҳматилло Зоёиро қайд кард, ки ин масъала дар анҷуман ҳаллу фасл мешавад.

Дар анҷумани навбатии Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон ба сурати умум 6-7 масъалаи ҳаётани муҳим барои ҳизб баррасӣ ва ҳаллу фасл мешаванд.

ҲСДТ дар заминаи ҳизби «Адолат ва Тараққиёт» давоми солҳои 1998-1999 таъсис дода шуда, барои сиёсати шадиди мухолифона нисбати ҳукумат, давраи аввал Вазорати адлия фаъолияташро қатъ ва як рӯз пеш интихоботи президентӣ, 2 сентябри соли 1999 Суди олӣ бақайдгириии онро бекор кард.

Баъди се сол, моҳи декабри соли 2002 ҳизб бо номи нав – Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон сабтином шуда, аъзои онро асосан ҳуқуқшиносон, адвокатҳо аз Колллегияи адвокатҳои Тоҷикистон ташкил медиҳанд. Пешвои ҳизб Раҳматилло Зойиров ба Консорсиуми ҳуқуқшиносии Тоҷикистон роҳбарӣ мекунад.

Бино ба маълумоти ҲСДТ, айни замон ҳизб дар сафҳояш 7,5 ҳазор нафар аъзо дорад. ҲСДТ дар интихоботҳои президентӣ иштирок накарда, ҳамчунин ҳеҷ гоҳ дар парлумон намоянда надошт.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.