Эрон замони раҳбарии Рафсанҷонӣ нахустин шуда соҳибистиқлолии Тоҷикистонро шинохта буд

Сиёсатмадори шинохта, собиқ президенти Эрон Алӣ Акбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ дар синни 83-солагӣ дар шаҳри Теҳрон аз олам даргузашт. Замони раҳбарии Рафсанҷонӣ Эрон яке аз аввалинҳо шуда соҳибистиқлолии Тоҷикистонро эътироф карда буд. Бино ба иттилои хабаргузории Иран.ру, дар ин робита ҳукумати Эрон се рӯз мотам эълон карда, маросими видоъ бо ин сиёсатмадори маъруф  дар Теҳрон ва Қум […]

Asia-Plus

Сиёсатмадори шинохта, собиқ президенти Эрон Алӣ Акбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ дар синни 83-солагӣ дар шаҳри Теҳрон аз олам даргузашт. Замони раҳбарии Рафсанҷонӣ Эрон яке аз аввалинҳо шуда соҳибистиқлолии Тоҷикистонро эътироф карда буд.

Бино ба иттилои хабаргузории Иран.ру, дар ин робита ҳукумати Эрон се рӯз мотам эълон карда, маросими видоъ бо ин сиёсатмадори маъруф  дар Теҳрон ва Қум доир гардида, ӯ дар шаҳри Қум ба хок супурда мешавад.

Сиёсатшиноси тоҷик Шокирҷон Ҳакимов хотиррасон намуд, ки маҳз замони раҳбарии Рафсанҷонӣ Эрон яке аз нахустинҳо шуда истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро эътироф ва дар ҷумҳурӣ намояндагии дипломатии худро боз намуд.

«Дар он солҳо маҳз ба туфайли сиёсати Рафсанҷонӣ нахустин сармоягузориҳои Эрон ба иқтисоди Тоҷикистон равона гардиданд. Собиқ президенти Эрон ва сиёсати роҳандозикардаи ӯ мардуми ҳарду кишварро, ки решаҳои ягона дошта, бар асари сиёсати болшевикӣ аз ҳам ҷудо гардида буданд, ба ҳам наздик кард», – гуфт Ҳакимов.

Нуралии Давлат, таърихнигори тоҷик, рӯзи 8 январ ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ҳанӯз баҳори соли 1992 бояд сафари нахустини Рафсанҷонӣ ба Тоҷикистон анҷом мешуд, ки сурат нагирифт. "Фикр мекунам, сабаби аслӣ ин буд, ки ҳайати Эрон бо даъвати шаҳрдори собиқи Душанбе Мақсуд Икромов бояд дар ҷашни Наврӯзи соли 1992 иштирок мекарданд. Вале замони сафари онҳо Икромов аллакай боздошт шуда буд ва ҳайати баландрутба иҷозаи фуруд ба Душанберо нагирифтанд", – иброз доштааст ӯ.

Аммо баъдан, ба қавли Нуралии Давлат, вақте музокироти сулҳи миёни ҷонибҳои даргир дар Тоҷикистон шурӯъ шуд, "Рафсанҷонӣ ва ҳукумати Эрон ҳамроҳи Русия талоши зиёд карданд, ки сулҳ дар Тоҷикистон барқарор шавад. Ба ҳамин хотир, дар моҳи майи соли 1997, пеш аз имзои Созишномаи сулҳ дар Маскав, ӯ ба Тоҷикистон омад".

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба даргузашти Алӣ Акбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Доктор Ҳасани Рӯҳонӣ барқияи тасаллият ирсол намуда, ба мардуми дӯсти Эрон ҳамдардиву тасаллияти амиқ изҳор намуд ва барои пайвандон ва наздикони марҳум сабри ҷамил хост.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.