Тоҷикистониёни дар Забайкале гумшуда кушта шудаанд

Ду нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки рӯзи 30 декабр дар кишвари Забайкалеи Русия бедарак шуда буданд, кушта шудаанд. Гумонбаршудагон ба гуноҳашон иқрор шудаанд. Тошпӯлод Тошпӯлодови 56-сола, ки ҳам шаҳрванди Тоҷикистону ҳам шаҳрванди Русия аст ва Бурҳон Гадоеви 31-сола рӯзи 30 декабр бедарак шуданд. Наздикони онҳо изҳор дошта буданд, ки ин ду тан аз шаҳри Чита ба […]

Asia-Plus

Ду нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки рӯзи 30 декабр дар кишвари Забайкалеи Русия бедарак шуда буданд, кушта шудаанд. Гумонбаршудагон ба гуноҳашон иқрор шудаанд.

Тошпӯлод Тошпӯлодови 56-сола, ки ҳам шаҳрванди Тоҷикистону ҳам шаҳрванди Русия аст ва Бурҳон Гадоеви 31-сола рӯзи 30 декабр бедарак шуданд. Наздикони онҳо изҳор дошта буданд, ки ин ду тан аз шаҳри Чита ба ноҳияи Красночикойск раҳсипор шуда, то ҳол барнагаштаанд.

 

Санаи 8 январ агентии «Чита.ру» бо истинод ба Раёсати тафтишоти минтақавӣ хабар дод, ки мардони гумшуда кушта шуда, дар содир намудани ин ҷиноят ду нафар сокинони маҳаллӣ гумонбар дониста мешаванд, ки аллакай ба гуноҳашон иқрор шудаанд.

«Бино ба маълумоти тафтишот, гумонбаршудагон, мардони 34 ва 31-сола мебошанд, ки як тан аз онҳо як моҳ пеш баъди 12 соли зиндон барои ҷинояти одамкушӣ озод шуда, ҷинояти мазкурро пешакӣ тарҳрезӣ намудаанд. Онҳо дар бораи фурӯши миқдори зиёди чормағзи ҷалғӯза (кедровый орех) гапзанон карда, вақте ҷабрдидагон бо пул ба назди онҳо меоянд, гумонбаршудагон онҳоро аз милтиқи шикорӣ парронида, ба болои автомашина мепартоянд ва пулҳоро бо худ мегиранд», – хабар додааст хадамоти матбуоти Кумитаи тафтишот.

Гуфта мешавад, дар хонаҳои гумонбаршудагон кофтуков гузаронида шуда, онҳо ҷойи ҷасадҳо ва автомашинаро нишон додаанд. Тибқи маълумоти мақомоти тафтишот, ба ин ҳодисаи куштор як сокини шаҳри Чита низ даст дорад.

Тавре хешовандону наздикони кушташудагон хабар додаанд, ояндаи наздик ҷасадҳои онҳо ба ватанашон – ноҳияи Ғончӣ фиристода мешаванд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.