Ғалабаи футболбозони ҷавони тоҷик бар дастаи Юнон

Дар мусобиқаи XXIX байнулмилалӣ барои гиромидошти хотираи аввалин ноиби президенти ФИФА (Федератсияи байналмилалии футбол) Валентин Гранаткин миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонон (U-18) дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия мунтахаби Тоҷикистон дар бозии нахусти марҳилаи гурӯҳӣ бар дастаи Юнон (1:0) ғолиб омад. Бино ба маълумоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, голи ягонаро аз дастаи Тоҷикистон дар дақиқаи 55-уми бозӣ Эҳсони Панҷшанбе […]

Asia-Plus

Дар мусобиқаи XXIX байнулмилалӣ барои гиромидошти хотираи аввалин ноиби президенти ФИФА (Федератсияи байналмилалии футбол) Валентин Гранаткин миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонон (U-18) дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия мунтахаби Тоҷикистон дар бозии нахусти марҳилаи гурӯҳӣ бар дастаи Юнон (1:0) ғолиб омад.

Бино ба маълумоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, голи ягонаро аз дастаи Тоҷикистон дар дақиқаи 55-уми бозӣ Эҳсони Панҷшанбе аз зарбаи 11-метра ба ҳадаф расонида, баъди анҷоми бозӣ ӯ беҳтарин бозигари мунтахаби Тоҷикистон эътироф шуд ва дастандаркорони мусобиқа ба ӯ туҳфаи хотиравӣ тақдим карданд.

Гуфта мешавад, дар давраи дуюми марҳилаи гурӯҳии мусобиқа футболбозони ҷавони тоҷик бо тими Булғористон (10 январ) ва дар вохӯрии ниҳоии даври гурӯҳӣ бо дастаи Эстония (12 январ) қувваозмоӣ мекунанд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.