Мусодираи 458 кг мухаддарот тӯли як соли охир дар Суғд (чандрасонаӣ)

Афзал БОСОЛИЕВ, махсус барои ASIA-Plus

Дар давоми соли 2016 сохторҳои қудратӣ дар шимоли кишвар 458 килограмм воситаҳои нашъадорро ошкор ва мусодира кардаанд, ки беш аз 20 килограмми онро маводи сахттаъсири ҳероин ташкил медиҳад. Бино ба иттилои кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар вилояти Суғд, ин миқдори умумӣ нисбат ба як соли қаблӣ 30 килограмм зиёд мебошад.

Қисме аз мухаддароти мусодирашуда, ки вазнаш 123 килограмм буд, чанде пеш бо роҳи сӯзонидан дар тафдони махсуси Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар вилояти Суғд нобуд карда шуд. Аз ҷараёни он ҳайати комиссияи махсус иборат аз намояндагони сохторҳои қудратии вилоят назорат бурданд.

Тавре мутасаддиёни соҳа мегӯянд, танҳо аз ҷониби Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовар дар давоми соли 2016 барои даст доштан ба гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор 59 нафар боздошт шудаанд, ки синни онҳо аз 30 боло мебошад. Ҳамзамон 12 нафар дар кофтукови расмӣ қарор доранд. Дар ин давра занон ва ноболиғон ба қайд гирифта нашудаанд.

Дар баробари сохторҳои дигари дахлдор, соли 2016 инчунин кормандони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо корупсия 1,30 килограмм ва кормандони ШВКД дар нақлиёт 733 грамм воситаҳои нашъадорро зимни фаъолияти кориашон ошкор ва мусодира кардаанд.

Дар соли сипаришуда аз тарафи муфаттишони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовар ба судҳои шаҳру навоҳии вилояти Суғд 38 парвандаи ҷиноятӣ бо тасдиқи фикри айбдорӣ ирсол гардида, парвандаҳои дигар дар марҳилаи тафтиш қарор доранд.

Масъалаи дигари ташвишовар гирифторӣ ба бемории нашъамандӣ дар ҳудуди вилоят арзёбӣ мешавад. Бино ба иттилои масъулин, 85 нафар мубталоёни нави ин беморӣ дар соли 2016 ошкор ва ба қайд гирифта шуданд, ки ин шумора дар як соли пеш низ ҳамин миқдор буд.

Масъулин мегӯянд, ки бо мақсади пешгирӣ аз нашъаҷаллобию нашъамандӣ байни аҳолӣ ҳар гуна мулоқоту чорабиниҳо баргузор мекунанд, вале дар баробари ин ҳар як нафар бояд ба ин масъала бетараф набошад ва саҳми худро дар мубориза бар зидди чунин амалҳои номатлуб гузорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...