Суди олӣ: ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандони Тоҷикистон таҳти ҳимоя қарор доранд

Аваз Юлдошев, Asia-PLus

Раиси Суди олии Тоҷикистон Шермуҳаммади Шоҳиён муътақид аст, ки дар кишвар ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон поймол намешаванд.

«Бар хилофи чанде аз созмонҳои байнулмилалӣ, мо бовар дорем, ки ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандони Тоҷикистон таҳти ҳимоя қарор доранд», – гуфт раиси Суди олӣ зимни нишасти хабарии ҷамъбасти сол дар Душанбе.

Ба гуфтаи ӯ, агар шаҳрванд меъёрҳои қонунгузории кишварро риоя намояд, давлат ҳуқуқу озодиҳои ӯ, сулҳи субот ва ҳаёти осоишта дар манзили ӯро ҳимоя мекунад.

«Дар робита ба ҳукмҳои зиндон ба муҳлатҳои зиёд гуфтаниам, ки ҳамааш ба вазнинии ҷинояти содиршуда вобаста аст, – изхор дошт Шоҳиён. – Шаҳрвандоне, ки ба муҳлатҳои зиёд равонаи зиндон шудаанд, дар содир намудани ҷиноятҳои вазнин ё ниҳоят вазнин даст доранд».

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...