Пирӯзии Фаррух Амонатов дар мусобиқаи байнулмилалии Деҳлӣ

Шоҳмотбози тоҷик Фаррух Амонатов ғалабаи нахусти байнулмилалии Тоҷикистон дар соли 2017-ро ба даст овард. Дар мусобиқаи байнулмилалии маъруфи шоҳмоти «Delhi International Open-2017», ки рӯзҳои 9-16 январ дар Ҳиндустон доир гардид, Фаррух Амонатов (рейтинги ФИДЕ 2619, шоҳмотбози пурқувваттарини мусобиқа) ба 8,5 имтиёз соҳиб шуд. Мусобиқа мувофиқи низоми швейтсарӣ дар 10 давр гузаронидашуда, дар он аз 23 […]

Asia-Plus

Шоҳмотбози тоҷик Фаррух Амонатов ғалабаи нахусти байнулмилалии Тоҷикистон дар соли 2017-ро ба даст овард.

Дар мусобиқаи байнулмилалии маъруфи шоҳмоти «Delhi International Open-2017», ки рӯзҳои 9-16 январ дар Ҳиндустон доир гардид, Фаррух Амонатов (рейтинги ФИДЕ 2619, шоҳмотбози пурқувваттарини мусобиқа) ба 8,5 имтиёз соҳиб шуд. Мусобиқа мувофиқи низоми швейтсарӣ дар 10 давр гузаронидашуда, дар он аз 23 кишвар 258 нафар шоҳмотбозон ширкат варзиданд.

Гуфта мешавад, ду иштирокчии мусобиқа 8 имтиёзӣ ба даст оварда, тибқи нишондиҳандаҳои иловагӣ Гош Диптаян (Ҳиндустон, 2570) зинаи дуюм ва Марат Ҷумъаев (Ӯзбекистон, 2457) мақоми сеюмро касб карданд. Миёни занон зинаи аввалро Гулрухбегим Тоҳирҷонова аз Ӯзбекистон ишғол намудааст.

Зикр мегардад, ки шоҳмотбози тоҷик ягон қувваозмоиро набохта, 7 ғалаба ба даст овардааст ва 3 бозиро мусовӣ анҷом додааст. Ин нахустин ғалабаи намояндагони Тоҷикистон дар мусобиқаи байнулмилалии бузург дар соли 2017 аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.