Кумитаи заминсозӣ доир ба хунукназарии комиссияҳои маҳаллӣ

Зимни нишасти хабарии Кумитаи заминсозӣ ва геодезияи ҷумҳурӣ зикр гардид, ки бар асари хунукназарии комиссияҳои маҳаллии тақсимоти замин, қитъаҳои ҷудошуда насиби миёнаравон ё афроде мешаванд, ки ба васеъкунии манзили зисташон ниёз надоранд. Раиси Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезияи ҷумҳурӣ Раҷаббой Аҳмадзода дар ин робита вазъ дар Ҳисорро мисол оварда, қайд кард, ки дар ин ноҳия […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Зимни нишасти хабарии Кумитаи заминсозӣ ва геодезияи ҷумҳурӣ зикр гардид, ки бар асари хунукназарии комиссияҳои маҳаллии тақсимоти замин, қитъаҳои ҷудошуда насиби миёнаравон ё афроде мешаванд, ки ба васеъкунии манзили зисташон ниёз надоранд.

Раиси Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезияи ҷумҳурӣ Раҷаббой Аҳмадзода дар ин робита вазъ дар Ҳисорро мисол оварда, қайд кард, ки дар ин ноҳия барои қитъаҳои наздиҳавлигӣ ба аҳолӣ 1 298,7 гектар қитъаи замин ҷудо шуда, вале то ҳол 31%-и аҳолӣ қитъаи замин нагирифтааст.

«Чанде қабл мақомоти прокуратура 700 адад қарори собиқ раиси ноҳияи Ҳисор дар бораи ҷудо шудани қитъаи заминро бекор карда, онро ғайриқонунӣ шумурд», – иброз дошт раиси Кумита.

Зимнан зикр гардид, ки тибқи маълумоти мавҷуда аз сарчашмаҳои дигар, ин қитъаҳои замин бояд миёни 500 нафар аризадодагон тақсим мешуданд, вале аз ҳисоби кам кардани меъёри ҷудокунӣ, 706 нафар шаҳодатномаи замин гирифтаанд ва ғайр аз ин, қисмате аз ин қитъаҳо ба шахсоне дода шудаанд, ки ба он эҳтиёҷе надоштаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.