Манъи ронандагии муҳоҷирон дар нақлиёти ҷамъиятии Челябинск

Мувофиқи қарори губернатори вилояти Челбинск, ба муҳоҷирони меҳнатӣ ронандагӣ дар таксиҳо ва нақлиёти ҷамъиятӣ дар қаламрави вилоят манъ карда мешавад. Қарори раиси вилоят, ки аз 1 январи соли 2016 ҳукми қонунӣ гирифта, рӯзи 16 январи соли равон дар торнамои расмии ҳукумати вилояти Челябинск нашр шуд. Дар қарори губернатори вилоят Борис Дубровский зикр мегардад, ки ин […]

Asia-Plus

Мувофиқи қарори губернатори вилояти Челбинск, ба муҳоҷирони меҳнатӣ ронандагӣ дар таксиҳо ва нақлиёти ҷамъиятӣ дар қаламрави вилоят манъ карда мешавад.

Қарори раиси вилоят, ки аз 1 январи соли 2016 ҳукми қонунӣ гирифта, рӯзи 16 январи соли равон дар торнамои расмии ҳукумати вилояти Челябинск нашр шуд.

Дар қарори губернатори вилоят Борис Дубровский зикр мегардад, ки ин қарор ба ронандагони нақлиёти мусофирбар ва таксиҳои дохилӣ ва байнишаҳрӣ дахл дорад.

Дар санад ҳамчунин қайд мешавад, ки «ин қарор бояд нисбати шаҳрвандони хориҷии машғули кор дар нақлиётии ҷамъиятӣ татбиқ шавад», саҳеҳтараш онҳо аз кор озод шаванд.

Қобили зикр аст, ки дар вилояти Челябинск аз соли нав арзиши патент барои муҳоҷирон низ боло рафта, то 3600 рубли русӣ расонида шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.